Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Давраи нави тараққиёти илми мантиқи математикӣ бо номҳои олимони математикҳо — мантиқшиносон Ҷ. Пеано, Г. Фреге, Б. Рассел ва А. Н. Уайтхед вобаста аст. Ин олимон на фақат идея ва методҳои математикаро дар мантиқ татбиқ кардаанд, балки мантиқро барои асоснок намудани мафҳум ва тарзҳои исботи математика кор фармудаанд. Ба туфайли асарҳои мантиқшиносони мазкур ва математики немис Д. Гильберт дар ин давра системаҳои бузурги мантиқӣ — ҳисобкуниҳои мулоҳизаҳо (исчисление высказываний) ва ҳисобкуниҳои хабарҳои мантиқии классикӣ ба амал меоянд.
Давраи нави тараққиёти мантиқи математикӣ аз солҳои 30-юми асри ХХ сар мешавад, ки ин давра бо ҳал намудани чунин масъала — дар кадом вақт бояд проблема ҳал гардида функция ҳисоб карда мешавад, вобаста аст.
Дар ҳалли масъалаҳои зикршуда асарҳои математики немис К. Гедел, олимони американ С. Клини, А. Тьюринг, Е. Пост, А. Черч, математики венгер Р. Петер ва математикони советӣ П. С. Новиков, А. А. Марков, С. А. Адян, ки назарияи алгоритмҳоро кор карда баромадаанд, аҳамияти калон дорад.
Мантиқи математикӣ, ки мантиқи ҳозиразамон ба шумор меравад, дорои аҳамияти калони амалӣ-техникӣ мебошад. Дар вақти ҳозира мантиқи математикӣ дар соҳаи электротехника (дар тадқиқоти схемаҳои релей-контактӣ ва электронӣ), ҳисобкуниҳои техникӣ (программагузорӣ), кибернетика (назарияи автоматҳо), нейрофизиология, забоншиносӣ ва ғайра татбиқ карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё