Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

БОБИ II

МАФҲУМ

§ 1. ХУСУСИЯТҲОИ УМУМИИ МАФҲУМ

Тафаккур инъикоси предмет ва ҳодисаҳои олами моддӣ мебошад. Мафҳум яке аз шаклҳои тафаккур аст. Азбаски тафаккур инъикоси предмет ва ҳодисаҳои олами моддист, пас, мафҳум ҳам инъикоси предмет ва ҳодисаҳои олами моддӣ мебошад.

Дар олам чизҳои сершумору ададашон беохиру гуногун: электрон, атом, молекула, растанӣ, ҳайвонот, одам, ҷамъият, давлат, миллат, забон ва ҳоказоҳо вуҷуд доранд. Ҳамаи ин чизҳое ки инсонро иҳота кардаанд, дар олами моддӣ мавҷуданд, предмет ном доранд.

Предметҳо, чизҳои олами моддӣ ба ҳамдигар монанд буда, дар айни замон аз якдигар фарқ мекунанд. Чунончи, як одам ба дигар одам монандӣ дорад ва дар байни онҳо фарқ ҳам ҳаст; як давлати халқии демократӣ бо дигар давлати халқии демократӣ монандӣ дорад ва дар айни замон ин давлатҳои демократии халқӣ ба тарзи куллӣ аз давлатҳои буржуазӣ фарқ мекунанд; як забон бо дигар забон монандӣ дорад ва дар айни замон аз якдигар фарқ ҳам дорад.

Он чизе ки предметҳоро бо якдигар монанд ва аз якдигар фарқ мекунонад, нишона ном дорад.

Як нишона дар айни замон ҳам монандӣ ва ҳам фарқи байни предметҳоро муайян мекунад, чунончи, нутқи бо ёрии калимаҳои саҳеҳ ифодашуда нишонае мебошад, ки вай бо якдигар монанд будани одамон ва фарқи байни онҳою ҳайвонотро муайян мекунад; дар дасти синфи коргар ва оммаи меҳнаткашон будани ҳокимият нишонаи монандии давлатҳои социалистӣ мебошад ва дар айни замон бо ин нишона давлатҳои социалистӣ аз дигар давлатҳои ғайрисоциалистӣ фарқ мекунанд.

Нишонаҳои умумӣ ва фардӣ мавҷуданд. Нишонаи умумӣ ба гурӯҳи предметҳо тааллуқ дорад, нишонаи фардӣ бошад танҳо ба як предмет тааллуқ дорад. Масалан, нишонаи «нависандаи халқи тоҷик» умумӣ мебошад, вале нишонаи «сардафтари адабиёти классикии халқи тоҷик» нишонаи фардӣ.

пешина
аз 192
навбатӣ