Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

нисбатан фарқ дошта бошанд ҳам, ҳаҷман якдигарро истисно намекунанд. Чунончи, «нависанда» ва «олим». Мазмуни ин мафҳумҳо гуногунанд, зеро нишонаи гуногунро инъикос мекунанд, вале ҳаҷмашон қисман ба якдигар мувофиқ меояд, чунки нависандаҳое ҳастанд, ки онҳо дар айни замон олим ҳам мебошанд ва олимоне ҳам ҳастанд, ки дар айни замон нависанда мебошанд. Масалан, Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём аз ҳамин қабил мутафаккирон буданд.

Мафҳумҳое ҳастанд, ки мазмунан дар байни худ чунин тафовуте доранд, ки дар ин асно ҳаҷмашон қисман бо якдигар мувофиқ намеояд. Ин гуна мафҳумҳо мувофиқнаоянда номида мешаванд. Масалан, мафҳумҳои «шахсе ки истеъдоди шоирӣ дорад» ва «шахсе ки истеъдоди шоирӣ надорад» мафҳумҳои мувофиқнаоянда мебошанд.

Нишонаҳои мазмуни мафҳумҳои мувофиқнаоянда ҳамдигарро истисно мекунанд.

Мафҳумҳои мувофиқоянда ва мувофиқнаоянда ба якчанд вавъҳо тақсим мешаванд.

Мафҳумҳои айниятдор

Чунин мафҳумҳое, ки мазмунан фарқ доранду ҳаҷмашон якхел мебошад, мафҳумҳои айниятдор меноманд. Масалан, «Сардафтари адабиёти советӣ» ва «М. Горький». Мазмуни ин мафҳумҳо гуногун мебошанд, вале ҳар дуи ин мафҳумҳо ҳам ба як предмет — як шахс тааллуқ доранд.

Мисолҳои дигар: «Душанбе» ва «Пойтахти Тоҷикистон», «В. И. Ленин» ва «Асосгузори якумин дар ҷаҳон давлати социалистӣ» ва ғайра. Дар мантиқ, одатан муносибати байни мафҳумҳоро ба воситаи доираҳо ишора мекунанд (нигар ба расми 1). Ин доираҳоро бо мақсади ишора кардани муносибати байни мафҳумҳо якумин бор олими машҳур — математик ва мантиқшинос Эйлер истифода бурда буд.

Муносибати айниятдор бо ёрии доираҳо ишора карда мешавад.

Дар ин ҷо ду мафҳум (мафҳумҳои «А» ва «В») бо ёрии ду доира тасвир карда шуда бошанд ҳам, дар назар як доира менамояд, чунки ҳаҷмҳои онҳо бо ҳам комилан мувофиқ меоянд.

Муносибати тобеият

Масалан, дар байни мафҳумҳои «одам» ва «нависанда» муносибати тобеият мавҷуд аст. Дар муносибати тобеият ҳаҷми як мафҳум ба ҳаҷми мафҳуми дигар дохил мешавад ва нишонаҳои муҳими як мафҳум ба мазмуни мафҳуми дигар дохил

пешина
аз 192
навбатӣ