Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
мешавад ва ин мафҳуми охирин дорои нишонаи алоҳидаи ба худ хос ҳам мебошад. Дар ин мисол маъзмуни мафҳуми «одам» чун қисми таркибӣ ба маъзмуни мафҳуми «нависанда» дохил мешавад, зеро нависанда дорои нишонаҳои умумии одамист ва нишонаҳои махсусе дорад, ки онҳо танҳо ба худи нависандагон хос мебошанд. Агар ҳаҷми онҳоро муқоиса кунем, мебинем, ки ҳаҷми мафҳуми «нависанда» ҳамчун қисми таркибӣ ба ҳаҷми мафҳуми «одам» дохил мешавад.
Ҳамин тариқ, агар дар байни мафҳумҳои А ва В чунон муносибате бошад, дар асоси он маъзмуни мафҳуми А чун як қисми таркибӣ ба маъзмуни мафҳуми В дохил шавад ва ҳаҷми мафҳуми В чун қисми таркибӣ ба ҳаҷми мафҳуми А дохил шавад, он гоҳ дар байни онҳо муносибати тобеият пайдо мешавад.
Мафҳуме, ки ҳаҷмаш зиёдтар аст, мафҳуми умумӣ ном дошта, мафҳуме, ки ҳаҷмаш хурдтар аст, мафҳуми алоҳида ном дорад. Мафҳуми умумӣ — ҳаҷман калонтар буда, маъзмунан хурдтар аст, вале мафҳуми алоҳида ҳаҷман хурдтар буда, маъзмунан бойтар, васеътар мебошад. Мафҳуми умумӣ тобеъкунанда буда, мафҳуми алоҳида тобеъшаванда аст.
Муносибати тобеият дар байни ду мафҳуми умумӣ, инчунин дар байни мафҳуми умумӣ ва тоқа низ вуҷуд дошта метавонад. Дар мавриди якум мафҳуми ҳаҷмаш нисбатан васеътар (А) мафҳуми ҷинсӣ ном дошта, мафҳуми ҳаҷмаш нисбатан хурдтар (В) мафҳуми навъӣ ном дорад.
Муносибати байни мафҳумҳои ҷинсӣ ва навъӣ бо доираҳо тасвир карда мешавад, ки дар он ҳаҷми мафҳуми навъӣ ба ҳаҷми мафҳуми ҷинсӣ дохил мешавад (нигаред ба расми 2).
Одатан ҳаҷми мафҳуми алоҳида ҳамчун қисми таркибӣ ба ҳаҷми мафҳуми умумӣ дохил мешавад. Лекин ин мафҳуми умумӣ, дар навбати худ, ба ҳаҷми мафҳуми боз ҳам умумитар дохил мешавад, бинобар ин, мафҳумҳо нисбатан — мафҳумҳои ҷинсӣ ва навъӣ номида мешаванд. Чунончи, ҷамъияти синфӣ нисбат ба ҷамъияти капиталистӣ мафҳуми ҷинсӣ буда, нисбат ба мафҳуми ҷамъият навъӣ мебошад.
Дараҷаи умумиятнокии гурӯҳи муайяни мафҳумҳоро ба назар дошта чунин ифода кардан мумкин аст, ки дар вай ҳар як мафҳум нисбат ба мафҳуми умумитар навъӣ шуда ва нисбат ба мафҳуми хурдтар ҷинсӣ мешавад (нигаред ба расми 3). Масалан:
Одам Коркуни меҳнати ақлӣ Шоир

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё