Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
бурда мешавад, ки онҳо ба таъриф то як дараҷа монандӣ доранд. Ин гуна усулҳо шаш хел мешаванд:
Якум — нишондод; дуюм — фарқкунӣ; сеюм — шарҳдиҳӣ; чорум — муқоиса (ташбеҳ); панҷум — тасвиркунӣ; шашум — характеристика. Ҳар яке аз ин усулҳоро алоҳида-алоҳида дида мебароем.
Нишондод чунин усулест, ки барои шинос шудан бо предмет кор фармуда мешавад. Бо нишон додани ягон хосият, бо ҷиҳати муҳими предмет шинос карда мешавад. Ин хосияти предмет мумкин аст, ки нишонаи ҷинсӣ ва ё ягон хислати муҳим бошад. Масалан, ман гӯям, ки «гурба ҳайвони хонагӣ мебошад», ин нишон додани ҷиҳат, хислати муҳими гурба аст, ки вай ба ҷинси ҳайвоноти хонагӣ тааллуқ дорад. Ҳамин ҷиҳати предметро нишондод меномем. Нишондод асоси исбот ва назарияи илмӣ шуда наметавонад, вай фақат барои бо предмет шинос кардан лозим аст. Нишондод дар адабиёти бадеӣ ва дигар соҳаҳои фан васеъ истифода бурда мешавад.
Фарқкунӣ (муқобила). Ду предмет муқоиса карда шуда, монандӣ онҳо не, балки фарқашон муқаррар карда мешавад. Мирзо Турсунзода барои тафовути байни Шарқи Советӣ ва Шарқи хориҷие, ки аз зулму асорат ҳанӯз пурра халос нашудааст, бо ёрии фарқкунӣ ин тавр баён мекунад:
«Намоянд Шарқи туро дер боз,
Лагадкӯбу помол мисли палос.
Ба сӯи ту оянд монанди «дӯст»,
Кананд аз тани дардноки ту пӯст.
Ғами зиндагонӣ, ғами рӯзгор
Туро об созад чу барфи баҳор.
Шабу рӯз бадхоҳи ваҳшимазок,
Бихезонад аз сарзаминат нифок.
Зи Нью-Йорк,
Лондон фиристад мудом
Аҷалро ба халқи ту «боэҳтиром».
Туро нест боис, ки завқӣ аз он,
Аз ӯ сарбаландӣ кунӣ дар ҷаҳон.
Ту донӣ, ки Шарқи ман аз ин бало,
Раҳо ёфт кайҳо,
Дар он халқҳо
Ба ҳам дӯстӣ, меҳрубонӣ кунанд.
Чу як ҷону тан зиндагонӣ кунанд.
Дар ин ҷост як хонадони азим,
Дар ин ҷост эмин кас аз хавфу бим.
Дар ин ҷост инсон азизу шариф
Дар ин ҷост ҳар чиз хубу латиф;
Дар ин ҷо саодат ба воя расид,
Ғаму кулфати халқ шуд нопадид...»
Мисоли дигар: дар парчаи зерини достони «Лайлию Маҷнун»-и Ҳилолӣ бо ёрии муқобилгузорӣ (таззод) ду қаҳрамони асосии асари мазкур чунин тасвир карда шудаанд:
Лайлию карашма бар карашма,
Маҷнуну ду чашм чу ду чашма.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё