Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

меҳнати коммунисти» мубтадои мантиқӣ мешавад. «Пешқадами истеҳсолот» нишонест, ки ба предмети фикр тааллуқ доштани онро бо ёрии бандак тасдиқ мекунад, бинобар ин, дар ин ҷо мафҳуми «пешқадами истеҳсолот» хабари мантиқӣ мешавад. Бандаки мантиқӣ бо калимаи «мебошанд» ифода гардида, он муносибати байни мубтадо ва хабари мантиқиро муқаррар намудааст.

Мисоли дигар: «Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон яке аз республикаҳои бародарии комилан баробарҳуқуқи Иттифоқи Советӣ аст». Дар ин ҷо мафҳуми «Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон» мубтадои мантиқӣ буда, мафҳуми «Яке аз республикаҳои бародарии комилан баробарҳуқуқи Иттифоқи Советӣ» хабари мантиқӣ ва «аст» бандаки мантиқӣ мебошад.

Мубтадои мантиқӣ ва хабари мантиқӣ терминҳои муҳокима ном доранд. Одатан терминҳои муҳокима бо ёрии ҳарфҳои алоҳида ишора карда мешаванд.

Мубтадои мантиқӣ бо ёрии ҳарфи лотинии $S$ (ин ҳарф, ҳарфи якуми калимаи лотинии Subjectum мебошад, ки маънояш мубтадо аст) ишора карда мешавад. Хабари мантиқӣ ба воситаи ҳарфи лотинии $P$ (ин ҳарф — ҳарфи якуми калимаи лотинии Praedicatum мебошад, ки маънояш хабар аст), ишора карда мешавад.

Бандаки мантиқӣ дар забони тоҷикӣ бо феълҳои «аст», «мебошад», «мешавад» ва ғайра ифода карда мешавад. Баъзан бандаки мантиқӣ ифода карда нашавад ҳам, вай фикран ба назар дошта мешавад. Чунончи, «Ҳамаи студентони мо — таҷрибаомӯзон», дар ин ҷо «мебошанд» бандаки мантиқӣ, зоҳиран ифода нашуда, фикран ба назар дошта шудааст.

Бинобар ин, муҳокимаро бо ёрии формулаи зерин ифода кардан мумкин аст:

$S-P$ аст;
ё ин ки танҳо $S-P$.

Агар дар муҳокима ягон чиз рад карда шавад, бо формулаи зерин ифода карда мешавад:

$S-P$ нест.

Чунинанд қисмҳои таркибии муҳокима, ки онҳо каму беш бо қисмҳои таркибии ҷумлаи грамматикӣ монандӣ доранд ва дар байни онҳо дар айни ҳол фарқи ҷиддӣ низ мавҷуд аст, ки мо ҳоло ин масъаларо дар поён дида мебароем.

§ 3. МУҲОКИМА ВА ҶУМЛА

Ба мисли вобастагии тафаккуру забон, дар байни муҳокима ва ҷумла низ алоқаи узвӣ вуҷуд дорад.

Ин алоқа дар он зоҳир мегардад, ки ҳар як муҳокима ба воситаи ҷумла ифода карда мешавад. Қатъи назар аз он ки муҳоКима

пешина
аз 192
навбатӣ