Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ТаҳсилотИлм
Аз аввал хондан

гӯем, ин муҳокима дурӯғ мешавад, чунки дар ин ҷо чизе ки дар воқеият алоқаманд аст, дар муҳокима алоқаманд карда нашудааст.

Мисоли дигар. Агар мо гӯем, ки «Ҳамаи забоншиносон қонунҳои физикаро намедонанд», ин муҳокима ҳақ мешавад, зеро дар ин ҷо чизе ки дар воқеият алоқаманд нест (яъне забоншиносон ва одамоне ки қонунҳои физикаро медонанд), алоқаманд карда нашудааст. Баръакс, агар «Ҳамаи забоншиносон қонунҳои физикаро медонанд» гӯем, пас, ин муҳокимаи дурӯғ мешавад, чунки дар ин ҷо чизе ки дар воқеият алоқаманд нест, алоқаманд карда мешавад.

Ҳамин тариқ, ҳар як муҳокима ё ҳақ ва ё дурӯғ мешавад.
Ҳақ ва дурӯғ будани муҳокима сифати муҳимтарини он мебошад.
Дар муҳокима предмет ва ҳодисаҳои гуногуни воқеият, алоқа,
муносибат ва нишонаҳои онҳо инъикос меёбад.

Муҳокима нафақат предметҳои реалона вуҷуд доштани воқеиятро, балки предметҳоро ҳам, ки реалона вуҷуд надоранд, инъикос менамояд. Масалан, муҳокимаҳо воқеаҳои афсонавиро ҳам инъикос мекунанд. Ин гуна муҳокимаҳо ҳамчун инъикоси дурусти тасаввуроти одамони қадим дуруст, ҳақ буда, вале ҳамчун инъикоси ҳақиқии воқеият дурӯғ мебошанд.

Илми мантиқ муҳокимаро танҳо аз ҷиҳати сохт меомӯзад ва ба тарафҳои дигари муҳокима дахл надорад. Мантиқи шаклӣ бошад, ҳамчун шакли тафаккур, масъалаҳои тағйирот ва тараққиёти муҳокима, аз чӣ иборат будани мазмуни конкретии муҳокима ва ғайраҳоро намеомӯзад.

§ 2. ТАРКИБИ МУҲОКИМА

Ҳар як муҳокимаи содда, қатъи назар аз мазмуни конкретии худ аз се қисми таркибии иборат аст:

  1. Мубтадои мантиқӣ.
  2. Хабари мантиқӣ.
  3. Бандаки мантиқӣ.

Дар муҳокима он чизе ки дар бораи вай фикр рафта истода аст, мубтадои мантиқӣ ном дорад.

Чизе ки оид ба фикри рафтаистода тасдиқ (ё рад) карда шавад, хабари мантиқӣ ном дорад. Хабари мантиқӣ ба предмет хос будан ва ё хос набудани ягон нишонаро тасдиқ (ва ё рад) менамояд. Бандаки мантиқӣ муносибати байни мубтадои мантиқӣ ва хабари мантиқиро муқаррар мекунад.

Масалан, чунин муҳокимаро таҳлил менамоем: «Аъзоёни бригадаҳои меҳнати коммунистӣ пешқадамони истеҳсолот мебошанд».

Дар ин ҷо фикр дар бораи аъзоёни бригадаҳои меҳнати коммунистӣ меравад, бинобар ин мафҳуми «аъзоёни бригадаҳои

пешина
аз 192
навбатӣ