Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
инъикоси алоқаҳои гуногуни предметҳо мебошад. Ҳамин ҷиҳатҳо: миқдори предметҳо, характери алоқа, муносибати байни онҳо, хусусиятҳои гуногуни предметҳоро ба назар гирифта, муҳокимаро ба гурӯҳҳои зерин тақсим мекунанд:
-
Аз ҷиҳати мазмун ё сифати худ муҳокима ба ду навъ: муҳокимаи тасдиқӣ ва муҳокимаи инкорӣ тақсим мешавад.
-
Аз ҷиҳати ҳаҷм ё миқдори худ муҳокима ба муҳокимаҳои тоқа, умумӣ, ҷузъӣ тақсим мешавад.
-
Аз ҷиҳати мазмуни хабари мантиқӣ ба муҳокимаҳои мавҷудӣ, хусусият ва муносибат тақсим мешавад.
-
Аз ҷиҳати сига (модальность), ба муҳокимаҳои эҳтимолӣ ва муҳокимаи эътиборнок тақсим шуда, дар навбати худ, онҳо боз ба муҳокимаҳои воқеият ва зарурият ҷудо мешаванд.
-
Муҳокимаи мантиқӣ бо таркиби худ ба муҳокимаҳои содда ва мураккаб тақсим мешавад.
§ 5. ТАКСИМИ МУҲОКИМА АЗ ҶИҲАТИ СИФАТ ВА МИҚДОР
Аз нуқтаи назари мазмуни ва ё сифати худ муҳокима ба ду навъ: 1) Муҳокимаи тасдиқӣ; 2) Муҳокимаи инкорӣ тақсим мешавад.
Дар муҳокимаи тасдиқӣ ба предмет хос будани ягон нишона тасдиқ карда мешавад. Барои муҳокимаи тасдиқӣ мисолҳои зериро меоварем: 1. «Забон воситаи мубориза ва тараққиёти ҷамъият мебошад».
-
«Ҳамаи мамлакатҳои халқии демократӣ ҷамъияти социалистӣ месозанд».
-
«Ҳофизи Шерозӣ» — шоири бузурги халқҳои Шарқ мебошад.
-
«Грамматика аҳамияти амалӣ дорад».
Дар муҳокимаи инкорӣ дар байни предметҳо мавҷуд набудани алоқа ва ё ягон нишона инъикос карда мешавад.
Барои муҳокимаи инкорӣ чунин мисолҳо меоварем:
-
«Дар СССР синфҳои истисморкунанда ва истисморшаванда нестанд».
-
«Халқҳои советӣ ҷангро намехоҳанд».
-
«Ин студентҳо табиатшинос намебошанд».
Ба ҳамин тариқ, дар муҳокимаҳои тасдиқӣ ва инкорӣ ба предмет тааллуқ доштан ва тааллуқ надоштани нишона муқаррар карда мешавад. Муҳокимаи тасдиқӣ бо формулаи зерин ишора карда мешавад:
S — P аст.
Муҳокимаи инкорӣ бо формулаи зерин ифода карда мешавад:
S — P нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё