Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
а) Тақсими муҳокима аз ҷиҳати миқдор Муҳокимаҳо аз ҷиҳати ҳаҷм ё миқдори худ ба се навъ тақсим мешаванд:
- Муҳокимаи тоқа.
- Муҳокимаи умумӣ.
- Муҳокимаи ҷузъӣ.
Дар муҳокимаи тоқа нисбат ба предмети тоқа - якка тааллуқ доштани ягон чиз тасдиқ (ё рад) карда мешавад: - «Восеъ сардори шӯриши машҳури халқи тоҷик мебошад».
- «Ленинград яке аз шаҳрҳои калонтарини СССР аст».
- «Л. Н. Толстой муаллифи романи «Ҷанг ва Сулҳ» мебошад».
- «Фрунзе қаҳрамони машҳури ҷанги гражданӣ мебошад».
Барои дониста гирифтани олами моддӣ муҳокимаҳои тоқа аҳамияти калон доранд. Бо ёрии онҳо хусусиятҳои алоҳидаи предметҳо инъикос кунонида мешаванд. Донишҳо дар бораи предметҳои алоҳида ва нишонаи онҳо ба воситаи муҳокимаи тоқа ифода карда мешаванд. Муҳокимаи тоқа барои дониста гирифтани гурӯҳ, ҷинси предметҳо замина тайёр мекунанд. Пеш аз он ки ҷинси предметҳо фаҳмида шаванд, бояд ба қисми муайяни предметҳо тааллуқ доштани ягон нишона дониста гирифта шаванд.
Ба ягон қисми предметҳо тааллуқ доштан ё надоштани ягон нишона бо ёрии муҳокимаи ҷузъӣ ифода карда мешавад. Дар муҳокимаи ҷузъӣ нисбат ба ин қисми предметҳо дахл доштан ва дахл надоштани ягон нишона тасдиқ (ё рад) карда мешавад. Мисол барои муҳокимаҳои ҷузъӣ:
- «Баъзе санъаткорони советӣ Лауреати мукофоти Ленинӣ мебошанд».
- «Баъзе хонандагони университети мо таърихро дӯст медоранд».
- «Баъзе мамлакатҳои Шарқ давлатҳои социалистӣ мебошанд».
- «Баъзе шахсони давлатии империалистӣ сулҳро намехоҳанд».
Мазмуни конкретии ин муҳокимаҳоро ба назар нагирифта,
онҳоро бо ёрии формулаи зерин ишора кардан мумкин аст.
Баъзе S-P мебошад (ва ё намебошад).
Одатан муҳокимаи ҷузъӣ бо калимаи «баъзе» ифода карда мешавад. Ин калимаи «баъзе» бо ду маъно кор фармуда мешавад. Калимаи «баъзе» дар як маврид фақат қисми хурдтари ҷинси предметҳоро мефаҳмонад. Дар ҳамин маврид ин муҳокима фақат баъзеи предметҳоро дар бар мегирад. Масалан:
«Баъзе нависандагони Тоҷикистон Лауреати Мукофоти Ленинӣ мебошанд», «Баъзе колхозчиёни колхози мо Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ мебошанд», «Баъзе коркунони фабрикаи мо депутати Совети Олии СССР мебошанд».
Муҳокимаи ҷузъие, ки дар вай танҳо дар бораи як қисми
муайяни ҷинси предметҳо ягон чиз тасдиқ ё рад карда мешавад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё