Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

муҳокимаи ҷузъии муайян ном дорад. Муҳокимаи ҷузъии муайян бо формулаи зерин ишора карда мешавад:
«Танҳо баъзе S—P мебошад (ё намебошад)».

Дар дигар маврид калимаи «баъзе» қисми бисёри ҷинси предметҳо, ҳатто ғайр аз якто ҳамаи предметҳои ҷинси муайянро мефаҳмонад. Ин гуна муҳокимаро муҳокимаи ҷузъии номуайян меноманд. Масалан, агар дар як синф ғайр аз як нафар хонанда дигар ҳамааш аъзои комсомол бошад, ин донишро мо бо муҳокимаи ҷузъии зерин ифода менамоем: «Баъзе хонандагони синфи мо аъзои комсомол мебошанд». Ин шакли муҳокимаи ҷузъиро бо формулаи зерин ифода мекунем:
«Камаш баъзе (эҳтимол ҳамаи) S—P мебошад».

Муҳокимаи ҷузъӣ алоқаи нишонро бо қисми предметҳо ошкор менамояд. Вале ин муҳокима характери номуайяни дорад. Ин муҳокима алоқаи ягон нишонро бо тамоми предметҳои гурӯҳ, ҷинс, навъ ошкор намекунад. Ба ҳамаи предметҳои гурӯҳ, ҷинс тааллуқ доштан ё тааллуқ надоштани нишонро муҳокимаи умумӣ ифода мекунад.

Дар муҳокимаи умумӣ нисбат ба ҳамаи предметҳои гурӯҳ, ҷинс ягон чиз тасдиқ ё рад карда мешавад. Масалан:
«Ҳамаи гражданони СССР ба таҳсили илм ҳуқуқ доранд», «Ҳеҷ давлати буржуазӣ барои меҳнаткашон баробарҳуқуқӣ намедиҳад», «Ҳамаи шоирони боистеъдод асарҳои завқовар эҷод менамоянд».

Дар муҳокимаи умумӣ алоқаи ҳар як предмети ҷинс, гурӯҳ бо ягон нишона ифодаи худро меёбад. Муҳокимаи умумӣ барои дониш хеле аҳамияти калон дорад, зеро ба воситаи ин муҳокима донишҳои умумӣ ифода карда мешаванд.

в) Тақсими муҳокима аз ҷиҳати муттаҳидии сифат ва миқдор. Ҳар як предмети олами моддӣ дорои миқдор ва сифат мебошад. Муҳокима инъикоси олами моддист. Бинобар ин, муҳокима ҳам миқдор ва ҳам сифатро дар як вақт ифода мекунад. Агар миқдор ва сифат ба назар дошта шавад, он гоҳ мо ба вуҷуд омадани чор навъи зерини муҳокимаро мебинем:

  1. Муҳокимаи умумии тасдиқӣ. Ин муҳокима аз ҷиҳати миқдор умумӣ буда, аз ҷиҳати сифат тасдиқӣ мебошад. Масалан: «Ҳамаи Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ одамони пешқадами ҷамъияти советӣ анд».

  2. Муҳокимаи ҷузъии тасдиқӣ. Ин муҳокима аз ҷиҳати миқдор ҷузъӣ буда, аз ҷиҳати сифат тасдиқӣ мебошад. Масалан: «Баъзе студентон шоирони навқалам мебошанд».

  3. Муҳокимаи умумии инкорӣ. Ин муҳокима аз ҷиҳати миқдор умумӣ буда, аз ҷиҳати сифат инкорӣ мебошад. Масалан: «Ҳеҷ як ҳодиса бе сабаб ба миён намеояд».

пешина
аз 192
навбатӣ