Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ТаҳсилотИлм
Аз аввал хондан

Муҳокимаи вуҷудӣ барои дониш аҳамияти калон дорад.

  1. Муҳокимаи хусусият ба предмет дахл доштан ё дахл надоштани ягон хусусиятро ифода мекунад. Масалан: «Ин гули сурх мебошад», «Иморати мактаби олии мо зебо аст».

Ин навъи муҳокима на танҳо мутааллуқӣ ё номутааллуқии хусусиятро бо предмет, балки ҳолати предметро ҳам инъикос мекунад.

Масалан: «Ин дарёи ором мебошад».

  1. Муҳокимаи муносибат. Муҳокимаи муносибат муносибатҳои гуногуни предметҳои воқеиятро инъикос менамояд. Ин муҳокимаҳо муносибатҳои ҳамзамонӣ, фазоӣ, баробарӣ, нобаробарӣ ва ғайраҳоро инъикос мекунанд. Масалан, «Кӯҳи Помир аз кӯҳи Тяншон баландтар аст», «Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамзамони А. Навоӣ мебошад», «Карим бародари Раҳим аст» ва ғайраҳо.

Ин муҳокимаҳо муносибатҳои баробарӣ ва нобаробариро инъикос менамоянд. Масалан, «А бо В баробар аст», «В аз А хурдтар аст», «А аз В калонтар аст».

Одатан аломати > маънои «зиёдтар» ва аломати B, муҳокимаи «А аз В хурдтар аст» чунин ифода мешавад: A < B.

Таркиби муҳокимаи муносибат аз таркиби муҳокимаҳои дар боло зикршуда фарқ мекунад. Дар таркиби муҳокимаи муносибат чунин аъзоҳо мавҷуданд:

  1. Мафҳуми аъзои пешоянди муносибати мазкур;

  2. Мафҳуми аъзои пасоянди муносибати мазкур;

  3. Мафҳуми муносибати мазкур;

  4. Бандак.

Масалан, дар муҳокимаи $A>B$ мафҳуми «А» мафҳуми аъзои пешоянди муносибати мазкур аст; мафҳуми «В» мафҳуми аъзои пасоянди муносибати мазкур; мафҳуми «зиёдтар (>)» мафҳуми худи муносибат мебошад, бандак муносибати >-ро дар байни предметҳои А ва В муқаррар менамояд.

Баъзан аъзои пешоянди муносибатро бо ҳарфи $X$, аъзои пасоянди муносибатро бо ҳарфи $Y$, муносибатро бо ҳарфи $R$ ишора менамоянд. Гуфтор дар бораи он ки предмети $Y$ муносибати $R$ дорад, бо чунин формула ифода меёбад:
$R(X, Y)$

Агар предмети $X$ ба предмети $Y$ муносибати $R$ надорад гӯем, пас ин гуфтор бо формулаи зерин ифода мешавад:
$\overline{R(X, Y)}$

пешина
аз 192
навбатӣ