Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Пайвандаки мантиқии пайвасткунанда дар забон на танҳо бо ёрии «ва» ифода меёбад, балки ба воситаи пайвандакҳои «у», «боз», «ҳам» ва ғайра низ ифода меёбад.

Маънои муҳокимаи мураккаби пайвасткунанда бо тағйиръёбии тартиби аъзоҳои он тағйир намеёбад. Чунончи, агар муҳокимаи «А ∧ В» ҳақ бошад, дар он сурат муҳокимаи «В ∧ А» ҳам ҳақ мешавад ва агар муҳокимаи «А ∧ В» дурӯғ бошад, он гоҳ муҳокимаи «В ∧ А» ҳам дурӯғ мешавад.

§ 10. ИНКОРИ МУҲОКИМА

Инкори муҳокима чунин амали мантиқиест, ки ба воситаи он сохти муҳокима тағйир дода мешавад. Дар натиҷаи амали мантиқии инкор аз муҳокимаи аввалӣ чунин муҳокимае пайдо мешавад, ки агар муҳокимаи аввалӣ дурӯғ бошад, ин муҳокима ҳақ мешавад ва агар муҳокимаи аввалӣ ҳақ бошад, ин муҳокима дурӯғ мешавад.

Агар муҳокимаи аввалиро бо аломати А ишора намоем ва муҳокимае ки дар натиҷаи инкори муҳокимаи мазкур ба вуҷуд меояд, бо аломати $\overline{A}$ яъне бо А ва аломати инкор ишора кунем, дар ин сурат ҳақ ва дурӯғ будани муҳокимаҳои А ва $\overline{A}$-ро бо ҷадвали зерин ифода намудан мумкин аст:

Аз ин ҷадвал маълум мегардад, ки агар муҳокимаи А ҳақ бошад, он гоҳ инкори он, яъне муҳокимаи $\overline{A}$ дурӯғ мешавад ва баръакс агар муҳокимаи А дурӯғ бошад, дар он сурат муҳокимаи $\overline{A}$ ҳақ мешавад.

Дар илми мантиқ муҳокимаи А ва $\overline{A}$ муҳокимаҳои баҳамзид ном доранд.

Инкори муҳокимаи шартӣ бо формулаи зерин навишта мешавад:

«$\overline{A \rightarrow B}$»

формулаи мазкур ин тавр хонда мешавад: «$A \rightarrow B$ дурӯғ аст», яъне аз муҳокимаи А муҳокимаи В дурӯғ мебарояд.

Амали инкори муҳокимаи мураккаб бо хати калони дар болои тамоми формула ифодаёфта, ишора карда мешавад.

Инкори муҳокимаи мунфасили пайваста-ҷудокунанда бо чунин формула ифода меёбад:

«$\overline{A \lor B}$»

формулаи мазкур ин тавр хонда мешавад: «Муҳокимаи «А ё В» ҳақ гӯем», дурӯғ аст.

Инкори муҳокимаи мураккаби пайвасткунанда бо чунин формула навишта мешавад: «$\overline{A \wedge B}$». Формулаи мазкур ин тавр хонда мешавад:

«Инкор карда мешавад, ки $A \wedge B$».

пешина
аз 192
навбатӣ