Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
§ 11. МУНОСИБАТИ БАЙНИ МУҲОКИМАҲО
Хусусияти муҳими муҳокима ҳақ будани он мебошад. Ҳақ ё дурӯғ будани муҳокима донистани аҳамияти калон дорад. Барои дар протсесси тафаккур дар баҳсу мунозира дониста гирифтани дар бораи ин ё он масъала ҳақ ва дурӯғ будани муҳокимаҳо бояд муносибати байни муҳокимаҳо аз худ карда шавад.
Дар байни муҳокимаҳое, ки мазмунашон як хел буда, шаклашон гуногун аст, муносибатҳои муайян дида мешаванд. Барои донистани муносибати муҳокимаҳои мазмунашон як хелгу шаклашон гуногун бояд мазмун ва шакли онро фаҳмид.
Мазмуни муҳокимаро ҳамон предметҳо ва нишонаҳое, ки дар ин муҳокима инъикос ёфтаанд, ташкил медиҳанд. Мазмуни муҳокимаро баъзан материяи муҳокима ҳам меноманд. Сифат ва миқдор шакли муҳокимаро ташкил медиҳад. Маълум аст, ки муҳокимаҳо аз ҷиҳати сифат ва миқдори худ ба чор навъ тақсим мешаванд: муҳокимаи умумии тасдиқӣ, ҷузъии тасдиқӣ, умумии инкорӣ ва ҷузъии инкорӣ. Ин чор навъи муҳокима чор шакли муҳокимаро ташкил медиҳанд. Агар дар ҳамин чор навъи муҳокима ҳам як хел предметҳо ва нишонаҳо инъикос ёбанд, пас, ин муҳокимаҳо мазмунан як хел, вале шаклан гуногун мешаванд.
Масалан, муҳокимаҳои «Ҳамаи ин шахсон адабиётшинос мебошанд», «Ҳеҷ яке аз ин шахсон адабиётшинос намебошанд», «Баъзеи ин шахсон адабиётшиносанд» ва «Баъзеи ин шахсон адабиётшинос нестанд» аз ҷиҳати мазмун як хел буда, шаклан гуногунанд, зеро ҳамаи ин муҳокимаҳо як хел предмет ва нишонаҳои онро инъикос намуда, аз ҷиҳати сифат ва миқдори худ фарқ мекунанд. Дар байни ҳамин гуна муҳокимаҳо муносибатҳои муайян дида мешаванд. Муносибати байни муҳокимаҳои мазмунашон як хел ва шаклашон гуногун аз он иборат аст, ки
аз дониста гирифтани ҳақ ё дурӯғ будани яке аз онҳо, ҳақ ва дурӯғ будани дигари онҳо мукаррар карда мешавад. Маълум аст, ки ин чор навъи муҳокимаҳои дар боло зикргардида бо ҳарфҳои алоҳида А (муҳокимаи умумии тасдиқӣ), И (муҳокимаи ҷузъии тасдиқӣ), Е (муҳокимаи умумии инкорӣ) ва О (муҳокимаи ҷузъии инкорӣ) ишора карда мешаванд. Бинобар ин, ҳақ ва дурӯғ будани
яке аз ин муҳокимаҳо аниқ бошад, дар асоси донистани муносибати байни онҳо, ҳақ ё дурӯғ будани дигари ин муҳокимаҳоро муқаррар кардан мумкин аст.
Одатан дар илми мантиқ, муносибати байни муҳокимаҳои мазмунашон як хел ва шаклашон гуногун ба воситаи чоркунҷае,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё