Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дар давраи шӯравӣ иқтисодиёти собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ асосан ба қонеъ гардонидани талаботи дохилии Иттиҳод ва шарикони лагери сотсиалистӣ, дар навбати аввал кишварҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ (ШҲИ) равона гардида буд. Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҳамчун падидаи иҷборӣ арзёбӣ гардида, чунин ҳисобида мешуд, ки таъсири он ба иқтисоди кишвар ҳарчи камтар бошад. Аслан ин чунин маъно дошт, ки иқтисод бояд маҳдуд ва худтаъминкунанда бошад.

Гузариш ба иқтисоди озод дар фаъолияти давлатҳои пас аз давраи шӯравӣ дар он ифода меёбад, ки онҳо субъектҳои мустақили муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ гардида, ҳуқуқи мустақилона ба бозори хориҷӣ баромаданро доранд. Фаъолияти ин давлатҳо дар асоси принсипҳои иқтисодиёти озод маънои эътирофи стандартҳои муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ ва мутобиқи қонунҳои бозори ҷаҳонӣ амал карданро дорад. Аз нуқтаи назари вазифаҳои дохилии давлат иқтисоди озод - ин мунтазам аз монополия (инҳисор) ба мавқеъҳои асосии савдои хориҷӣ даст кашидани давлат, истифодаи шаклҳои гуногуни соҳибкории муштарак бо шарикони хориҷӣ дар соҳаи содироту воридоти мол (кору хадамот) ва фароҳам овардани муҳити мусоиде мебошад, ки ба таври оқилона ба бозори ҷаҳонӣ ворид шуданро таъмин карда, афзоиши маблағгузории хориҷиро ҳавасманд мегардонад.

  1. Баробарии ҳуқуқи иқтисодии шахсони ҳуқуқию воқеӣ (резидентҳо ва ғайрирезидентҳо) дар татбиқи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ

Ин принсип чунин маъно дорад, ки худи давлат, тамоми ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, инчунин шахсони алоҳида мутобиқи оинномаҳо ва муқаррароти ҳуқуқӣ субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебошанд. Кафолати ҳуқуқу масъулияти субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бояд бо асноди қонунию меъёрии дар кишвар амалкунанда тасбит шаванд. Дар доираи ин аснод субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҳуқуқ доранд навъу шаклҳо ва самтҳои иштирокашонро дар робитаҳои иқтисодии хориҷӣ мустақилона муайян намуда, бо салоҳдиди худ

пешина
аз 785
навбатӣ