Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро дар асоси шартнома ё ба таври дигар, бар ивази музд ё ройгон ба ҳамкорӣ ҷалб намоянд. Дар Тоҷикистон чунин ҳуқуқи субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" сабт гардидааст.

  1. Озодии иқтисодии молистеҳсолкунанда ва нархгузории озод (бозорӣ) ба маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва молҳои дигари дар бозорҳои хориҷӣ ва дохилӣ фурӯхташаванда.

Озодии молистеҳсолкунанда дар ҳуқуқи ӯ барои мустақилона муайян намудани ҳаҷму сохтори моли истеҳсоли худӣ, навъу шаклҳои фурӯши маҳсулот, муқаррар намудани нарх ва интихоби шарикон ифода меёбад. Озодии иқтисодии молистеҳсолкунанда барои ба таври маъмурӣ, директивӣ муқаррар намудани танҳо нархи молҳои дар соҳаҳои ғайрибозории иқтисодиёт (илм, маориф, мудофиа, экология ва ғайра) истеҳсолшавандаро раво мебинад. Дар ин ҳолат омили асосии муайян намудани нархи мол талабот ва пешниҳоди он мебошад. Аслан нарх дар навбати худ бевосита ба талабот ва пешниҳод таъсир мерасонад.

Дар фаъолияти иқтисодии хориҷӣ асосан се навъи нархи озод истифода мешавад: шартномавӣ, биржавӣ ва ҷаҳонӣ.

Нархи шартномавӣ - ин нархи молест, ки бо созишномаи (шартномаи, қарордоди) байни харидору фурӯшанда муқаррар карда мешавад. Дар ин ҳолат нарх ҷараёни талабот ва пешниҳоди моли мушаххас, хароҷоти воқеии фурӯшанда ва дараҷаи имкониятҳои харидорро барои пардохти он инъикос менамояд. Бинобар ин нархи шартномавӣ метавонад ба таври сунъӣ баланд ё паст карда шавад.

Нархи биржавӣ - ин нархи молест, ки дар биржаҳои дахлдор вобаста ба хароҷоти воқеии истеҳсолкунандаи мол, конъюнктураи бозор дар лаҳзаи анҷоми хариду фурӯш ба миён меояд. Хусусияти ин навъи нарх дар он аст, ки зимни татбиқи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (харидорон) вобаста ба навъи мол, хароҷоти нақлиёту фурӯш ва ғайра пешниҳод карда мешавад.

пешина
аз 785
навбатӣ