Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Албатта, омилҳои дигаре ҳам ба мисли вазъи мураккаби сиёсӣ дар сохтори давлатҳо, проблемаҳои ҳудудӣ, яктарафа иҷро шудани қарорҳои қабулшуда, нобоварӣ ба давлатҳои ҳамшарики дар раванди ҳамгироӣ ширкаткунанда вуҷуд доштанд, ки ба равандҳои ҳамгироӣ зарари калон мерасонанд.
§ 5.2. Созишномаи савдои озоди қитъаи Америки Шимолӣ - НАФТА
Бо вуҷуди ихтилофоти мавҷудае, ки дар боби гузашта мо онҳоро дида баромадем, муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ШМА, Канада дар солҳои 1985-90 чунон босуръат тараққӣ мекард, ки мислашро ҷаҳон надида буд.
Дар соли 1999, агар содироти кулли мол аз ШМА ба Канада 80,4 млрд. доллари амрикоиро ташкил карда бошад, пас воридоти мол ва ашёи хом аз Канада ба ШМА 88,9 млрд. долларро ташкил медод, ки агар онро бо буҷети Федератсияи Россия муқоиса кунем, чор маротиба зиёд мебошад.
Бо вусъат гирифтани робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ сатҳи зиндагонии аҳолии ин ду кишвар рӯз аз рӯз баландтар мегардид.
Албатта, чунин рафти тараққиёт ва дигаргуниҳое, ки дар муносибатҳои иқтисодии Америка ва Канада ба вуҷуд меомаданд, Ҳукумати Мексикаро бетараф гузошта наметавонистанд. Дар ин солҳо дар Мексика низ дигаргуниҳои куллие ба назар мерасиданд.
Соли 1986 ин мамлакат ба аъзогии ташкилоти байналмилалии Созишномаи умумӣ оид ба тарифҳо ва савдо (ГАТТ) дохил шуда, раванди аз нав дида баромадан ва ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кунонидани маҳдудиятҳои гумрукиро оғоз намуда буд.
Бояд зикр кард, ки то аз нав дида баромадани боҷу хироҷи тиҷоратӣ онҳо аз 35 то 100 фоизи арзиши молро ташкил медоданд.
Роҳбарияти давлати Мексика қафомонии иқтисодии мамлакати худро эҳсос карда, барои ба асри XXI тайёр намудани кишвари худ ва устуворона ба пеш қадам гузоштани он бозсозии куллии иқтисодиро пеш гирифта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё