Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

Яке аз сабабҳои аз байн рафтани блокҳои ЛАСТ, КАРИФТА ва САСМ аз он иборат буд, ки давлатҳои аъзои ин блокҳо бо молҳои истеҳсоли ватании худ бештар бо ШМА тиҷорат мекарданд.

Системаи ҳавасмандӣ, ки дар муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии давлатҳои Европа вуҷуд дошт, дар муносибатҳои давлатҳои аъзои ин блокҳо дида намешуд.

Дуюм, бояд зикр намуд, ки сабабгори асосии аз байн рафтани блокҳои дар боло зикргардида дар он буд, ки шароитҳои мавҷуда барои пурра дар амал татбиқ намудани равандҳои минтақавӣ дар кулли мамлакатҳои ҷаҳони сеюм бо шароитҳои дар Европаи Шарқӣ ҷой дошта мувофиқат намекарданд. Гап дар сари он аст, ки боигарии зеризаминии мавҷуда, муваффақиятҳои дар давраи системаи мустамлиқавӣ бадастоврдаашон бештар барои коркарди ашёи хом ва тайёр намудани маводи аввала барои соҳаҳои саноати мамлакатҳои истисморкунанда равона шуда буд.

Баъд аз ба даст овардани истиқлолият қудрат ва тавоноии ин мамлакатҳо барои ба тезӣ дигар намудани самти истеҳсолоти бузурги миллӣ немерасид, бинобар ин роҳбарияти ин давлатҳо системаи хоҷагидории дар тӯли сад сол ташаккулёфтаро идома дода, ашёи хоми аввалаи худро ҳамеша ба бозорҳои бузурги ҷаҳон ва давлатҳои абарқудрати тараққикардаи саноатӣ пешниҳод мекарданд.

Бояд таъкид намуд, ки дар Америки Лотинӣ баҳсу мунозираҳо дар атрофи дуруст тақсим намудани фоида аз ҳамгироӣ ҳалли худро наёфтанд ва оҳиста-оҳиста боиси аз блокҳои ҳамгироӣ хориҷ шудани давлатҳои зиёд гардид.

Дар баробари ин, бинобар ба муттаҳидшавӣ (ҳамгироии иқтисодӣ) тайёр набудани худи сохтори ин мамлакатҳо пешниҳодҳои бисёре, ки ба инкишофи ин раванд қувват медоданд, аз тарафи роҳбарияти дигар давлатҳои аъзои блокҳо рад карда мешуд.

Ба гузашт намудани як қисми ваколатҳои давлатии мустақил, ки он яке аз талаботи асосии ҳамгироии минтақавӣ ба шумор меравад ва дар таҷрибаи ҳамгироии минтақавии давлатҳои Аврупои Шарқӣ дида мешуд, роҳбарони давлатҳои Америки Лотинӣ розӣ набуданд.

пешина
аз 785
навбатӣ