Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Пастшавии арзиши аслии 1 баррел нафти хом боиси камшавии даромади давлатҳои интиқолкунандаи нафт мешуд.

Бинобар ин бо мақсади пеши роҳи ин ҷараёнро гирифтан соли 1960 нахустин бор намояндагони панҷ давлати интиқолдиҳандаи нафт дар Каракас ҷамъ омада, барои бунёди ташкилоти мамлакатҳои интиқолкунандагони нафт ОПЕК замина гузоштанд. Мувофиқи низомнома ОПЕК бояд пеши роҳи ширкатҳоеро гирад, ки ба худсарона паст намудани нархи нафт майл доранд ва агар ин амал содир шуда бошад, ОПЕК аз ҳуқуқҳои худ истифода бурда, даромади зиёдатии ин ширкатҳои алоҳидаро мусодира намуда, он маблағҳоро ба ҳисоби худ гузаронад. Аммо бо тағйирёбии вазъи иқтисодии ҷаҳон мақсадҳои дарпешгузоштаи ОПЕК амалӣ нашуданд.

Аз соли 1965 сар карда, дар ҷаҳон ширкатҳои нави истеҳсолкунандаи нафт пайдо шудан гирифтанд, ки онҳо ба низомномаи консорсиуми "Ҳафт хоҳарон" итоат намекарданд. Дар баробари ин, ширкати "Оксидентал Петролиум" аз Либия, "Ай Эн Ай" аз СССР, "Си Эф Пи" аз Алҷазоир консессия — иҷозатномаи махсуси худро барои истеҳсол ва дар бозорҳои ҷаҳон фурӯхтани нафт гирифтанд.

Дар баробари ин бо сабаби тараққиёти босуръати мамлакатҳои саноатӣ, рӯз аз рӯз зиёд шудани талабот ба нафт ҳарчӣ бештар камчинии он ҳис карда мешуд ва дигар барои пурра қонеъ кардани талаботи истеъмолкунандагон қудрати консорсиуми "Ҳафт хоҳарон" немерасид. Аз ин вазъият истифода бурда, ширкатҳои навбунёд нархи нафтро баланд бардошта, дар бозори ҷаҳонӣ бесарусомониро ба вуҷуд меоварданд.

Дар ин солҳо бо сабабҳои куллан тағйир ёфтани вазъи сиёсии ҷаҳон ШМА даҳолаткуниро барои мӯътадил намудани вазъи рӯйдода хатарнок мешуморид. Дар ин давра бо пурқудратшавии Иттиҳоди Шӯравӣ ШМА дигар қувваи тавонои ҳарбии худро, чӣ тавре ки нисбат ба Эрон раво дида буд, истифода бурда наметавонист.

пешина
аз 785
навбатӣ