Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Пастшавии нуфузи ШМА ва шикасти сиёсати ӯ дар масъалаҳои дастгирии Франция ва Англия оид ба чораҷӯҳои Миср дар бобати зери назорати худ гирифтани канали Сувайс баръало зоҳир шуда буд. Аз ин амал сиёсати давлатҳои Араб нисбат ба ШМА қариб буд, ки пурра ранги дигар гирад.
Аз ин шароити баамаломада ва шикасти сиёсии ШМА хулоса бароварда, соли 1958 дар масъалаҳои тезу тунд шудани вазъият дар Шарқи Наздик (ҳуҷуми мусаллаҳонаи давлати Исроил ба хоки Лубнон) тамоман аз даҳолат намудан даст кашид. Ва тамоми қувваҳои сулҳпарвари ҷаҳон дар ин солҳо нисбати ҷангҳои нобаробари Америкаю Ветнам норозигии худро баён карда, сиёсати зӯроварии ШМА-ро маҳкум менамуданд.
Дар чунин вазъият қудрати ҳарбии худро барои кӯмак ба ширкатҳои америкоии дар Шарқи Наздик фаъолиятдошта истифода намудани ШМА хатои бузурги сиёсӣ мебуд.
Аз чунин вазъияти сиёсии баамаломада Президенти Либия Қаззофӣ истифода бурда, аз ширкати "Оксидентал Петролиум" баланд бардоштани нархи нафтро талаб намуд.
Бинобар он ки ширкати номбурда пурра аз нафти Либия вобастагӣ дошт, талаботи Қаззофиро зуд иҷро намуд. Аз чунин дастгирӣ Қаззофӣ рӯҳбаланд шуда, аз тамоми ширкатҳои нафтинтиқолкунанда, ки ҳамеша ба баландшавии нарх монеъ мешуданд, робитаи худро канд. Соли 1971 дар вохӯрии Теҳрон чунин ҳолат аъзоёни ОПЕК (Арабистони Саудӣ, Кувайт, Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ироқ, Либия, Алҷазоир, Эрон, Индонезия, Нигерия, Габон, Венесуэла ва Эквадор)-ро водор намуд, ки нархи нафтро баланд бардоранд. Агар дар аввали соли 1972 нархи як баррел нафт, ки баробар ба 159 литр мебошад, 2,25 доллари амрикоиро ташкил медода бошад, соли 1973 ба 3,64 доллари амрикой расид. Аммо дере нагузашта, солҳои 1973-74 бо сабаби тезу тунд шудани вазъияти иқтисодию сиёсӣ дар ҷаҳон нархи як баррел нафт аз 3,64 то 11,65 доллари амрикой баланд шуд. Аз чунин ҷаҳиши нархи нафт, пеш аз ҳама давлатҳои аъзои ОПЕК фоида диданд. Сабаби асосии чунин ҷаҳиши нафт дар он зоҳир мегашт, ки аввалин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё