Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

меҳнат ба вуҷуд меоварад. Мувофиқи ақидаи онҳо ба ҳамаи давлатҳои ҷаҳон имтиёзҳои тиҷорати озодро муҳайё намудан лозим аст, ки дар асоси он чӣ шахсони алоҳида ва чӣ намояндагони давлатӣ озодона тиҷорат кунанд.

Мувофиқи ин назария сари вақт даст кашидан аз бароҳмонии тақсимоти моле, ки дар бозори ҷаҳонӣ рақобат карда наметавонад, боиси истифодаи манфиатноки сармоя дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ин мамлакат ва баландшавии ҳаҷми истеҳсоли молҳои серталаб мегардад.

Дар натиҷаи тадқиқотҳои бисёрсола, олимони дар боло зикргардида ба чунин хулосае омаданд, ки мамлакатҳое, ки бештар ва фаъолтар дар тақсимоти байналхалқии меҳнат иштирок намуда, соҳаҳои саноатии худро барои истеҳсоли молҳои серталаботи бозори ҷаҳонӣ равона мекунанд, нафъи зиёдтар гирифта метавонанд. Аз ин чунин хулоса бармеояд, ки роҳбарияти ҳар як давлат пеш аз иштирок дар бозори ҷаҳонӣ бояд захираҳои табиии мамлакати худ, вазъи соҳаҳои саноат ва кишоварзиро омӯхта, иқтидори истеҳсолии онҳоро муайян намояд ва аз ҷамъи онҳо ба соҳаҳое эътибор диҳад, ки махсусгардонии онҳо харҷи калонро талаб накунад ва маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёдеро пайдо намояд.

Назарияи "Тиҷорати озод"-и Адам Смит дар асл пурра бар хилофи ақидаҳои меркантилистӣ навишта шуда буд. Дар хулосаи китоби худ Адам Смит баланд шудани дараҷаи некӯаҳволии миллатро на дар натиҷаи воридоти миқдори зиёди тилло ва металлҳои қиматбаҳо, балки дар дуруст ба роҳ мондани тақсимоти байналхалқии меҳнат ва истифодаи самараноки захираҳои табиие, ки ин мамлакат нисбат ба дигарон бартарии мутлақ дорад, медид.

Роҳбарони давлатҳои навбунёди ҷамъияти капиталистӣ ин назарияро ба эътибор гирифта, мувофиқи шароити мамлакатҳои худ оҳиста-оҳиста онро дар амал татбиқ менамуданд. Англия соҳаи гӯсфандпарварӣ, ресандагӣ ва истеҳсоли матоъҳои пашминро ба роҳ монда, дар мадди аввал саноати сабукро тараққӣ дод. Баъд аз ба роҳ мондани саноати сабук оҳиста-оҳиста ба соҳаи саноати вазнин

пешина
аз 785
навбатӣ