Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
эътибор дода, тараққиёти онро дар давраҳои хеле кӯтоҳ таъмин намуд. Аввалин дастгоҳи бугие, ки асоси маҳсулоти саноати вазнини Англия ба шумор мерафт, тараққиёти соҳаҳои гуногуни ин мамлакатро хеле тезонд.
Нидерландия дар ин давра шароити мамлакати худро ба эътибор гирифта, қудрату тавоноии мамлакатро барои киштисозӣ равона намуд. Дар он замон киштиҳои истеҳсоли голландӣ хизмати тоҷирони бисёр мамлакатҳои ҷаҳонро ба ҷо оварда, ба давлати худ даромади калон меоварданд.
Франсия дар баробари тараққӣ додани саноати вазнини мамлакат ба соҳаи кишоварзӣ, истеҳсоли шароб ва атриёт эътибори калон медод. Чунин мисолҳо бешуморанд.
Махсусгардонии соҳаҳои саноати мамлакатҳои алоҳида дар асоси шарту шароити ин мамлакатҳо ба тараққӣ ёфтани соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ ва баланд бардоштани сифати мол ва маҳсулот оварда расонид, ки он оҳиста-оҳиста ба равнақу ривоҷ ёфтани тиҷорати байналмилалӣ мусоидат намуд.
Истифодаи дурусти бартарии мутлақи мамлакатҳои алоҳида дар бароиҷмонии истеҳсолоти молҳои серталабот дар бозори ҷаҳонӣ, аз як тараф, боиси баланд шудани дараҷаи зиндагӣ ва некӯаҳволии миллатҳои ҷаҳон, аз тарафи дигар бошад, ба рақобати дохилисоҳавӣ суръат мебахшад. Аз ин нуқтаи назар Адам Смит пешниҳод менамояд, ки барои пурра амалӣ шудани принсипи "тиҷорати озод" дар робитаҳои иқтисодии байналмилалӣ даҳолати давлатро, ба истиснои масъалаҳои бехатарӣ ва мудофиавии мамлакат пурра бардоштан лозим аст.
Давид Рикардо омӯзиши назарияи "тиҷорати озод"-ро давом дода, исбот намуд, ки бартарии мутлақи моле, ки А.Смит дар тиҷорати байналмилалӣ муайян намудааст, танҳо як тарафи масъала аст. Гап дар сари он аст, мегуфт Д. Рикардо, ки дар бозори ҷаҳонӣ аз ширкат дар муомилоти мол ҳатто он мамлакатҳое, ки дараҷаи баланди хароҷоти истеҳсолӣ надоранд, бурд мекунанд.
Дар натиҷаи иштирок дар муомилоти молии бозори ҷаҳонӣ, ки дар ҷараёни он як намуди моли истеҳсоли худӣ ба намуди моли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё