Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

фоиданокии муомилоти байналмилалӣ, қонуни муайян кардани бартарии молҳоро бо роҳи муқоиса кашф намудааст.

Дар асоси ин қонун бояд ҳар мамлакат фикру зикри худро ба истеҳсоли ҳамон моле равона кунад, ки аз фурӯши он фоидаи нисбатан зиёдтареро (як дараҷа зиёдро) ба даст оварда, онро дар бозори ҷаҳонӣ ба молҳои лозимӣ иваз намояд.

Таҳлили чуқури гуфтаҳои боло маънои онро надорад, ки дар натиҷаи муомилоти мол фурӯшанда бурд намуда, харидор мебохтааст, баръакс тиҷорат барои ҳар ду тараф ҳам фоиданок буда, мақсадҳои дар пеш гузоштаи фурӯшанда ва харидорро амалӣ мегардонад.

Аз тарафи дигар, фоидаи нисбатан зиёдтаре, ки мо аз истеҳсоли ин мол нисбат ба чунин моле, ки дар дигар давлат истеҳсол шудааст, ба даст овардем, шаҳодат медиҳад, ки истеҳсоли ин мол нисбат ба моли дигар давлатҳо фоидаовар будааст. Инак, фоидаи бадастовардашударо дар бозори ҷаҳонӣ то имрӯз ҳамчун асоси муайянкунандаи сохтори таркибии муомилоти мол истифода мебаранд.

Аз гуфтаҳои боло чунин бармеояд, ки А. Смит ва Д. Рикардо тараққиёти истеҳсолотро дар меҳнат ва дар асоси он дар арзиши хароҷоти меҳнат медиданд. Онҳо дар асл тарафдори назарияи арзиши меҳнат буданд.

§ 2.3. Консепсияи неоклассикии Э. Хекшер ва Б. Олин дар бораи омилҳои истеҳсолот

Назарияи арзиши меҳнати А. Смит ва Д. Рикардоро солҳои 30-юм олимони шведӣ Э. Хекшер (1879-1952) ва Б. Олин (1899-1979) идома дода, омилҳои дигареро, ки асосан дар шакли истифодаи замин ва сармоя ифода меёбанд, муайян намуданд. Мувофиқи ин назария, агар арзиши аслии меҳнатро бо миқдори муайяни музди меҳнате, ки ба корманд медиҳанд, ифода намоянд, пас арзиши сармоя бо миқдори муайяни фоизи муқарраршуда ва арзиши замин бо миқдори муайяншудаи рентаи замин ифода меёбад.

пешина
аз 785
навбатӣ