Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

лозимии мамлакати дигар иваз карда мешавад, нафъу фоидаи дутарафа дорад.

Д. Рикардо ин масъаларо дар мисоли иваз намудани шаробу қолине, ки ҳам дар Англия ва ҳам дар Португалия истеҳсол мешавад, ба хонанда пешкаш менамояд.

Миқдори воҳиди хароҷоте, ки барои истеҳсоли 1 қолину 1 декалитр шароб сарф карда мешавад:
қолин (1 дона) шароб (1 декалитр) Португалия 90 80 Англия 100 120

Аз ин мисол дида мешавад, ки Португалия дар истеҳсоли ҳар ду намуди молҳои дар боло зикршуда нисбат ба Англия бартарии мутлақ доштааст. Дар ин мамлакат ҳам қолин ва ҳам шароб бо харҷи кам ва нисбатан арзон истеҳсол карда мешавад.

Аммо чӣ тавре ки Д. Рикардо қайд мекунад, барои Португалия бо сабабҳои бартарии истеҳсоли шароб аз истеҳсоли қолин бештар фурӯши шароб фоидаовар аст. Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки аз тиҷорати хориҷӣ Англия ҳам бурд мекунад. Баъд аз муомилоти аввал Англия ба хулосае меояд, ки ба ҷои истеҳсоли ду намуди мол (яъне, шароб ва қолин) бештар ба истеҳсоли қолин эътибори калон дода, дар натиҷаи хусусигардонии истеҳсоли он арзиши аслии қолинҳоро паст намуда, дар оянда фоидаи бештаре гирад.

Дар баробари ин ҳосилнокии баланди меҳнат дар соҳаи истеҳсолоти махсусгардонидашуда боиси арзон шудани арзиши аслии молҳои истеъмолӣ гардид. Оҳиста-оҳиста дар ҷаҳон чунин шароит пайдо шуд, ки бисёри давлатҳо дар қаламрави худ аз ба роҳ мондани истеҳсолоти молҳои истеъмолӣ даст кашида, ворид намудани онҳоро афзалтар медонистанд. Зеро ба роҳ мондани истеҳсоли чунин молҳо харҷи зиёдеро барои харидани дастгоҳҳо, маводи аввала, сохтмони иншоотҳо, тайёр намудани мутахассисон ва бар замми он давраи муайяни ҳаётиро ҷиҳати баланд бардоштани сифати маҳсулот талаб мекунад.

Чунин муносибатҳои иқтисодиро ба назар гирифта Давид Рикардо барои дақиқтар омӯхтани сабабҳои ба даст овардани

пешина
аз 785
навбатӣ