Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Аз рӯзҳои аввали таъсис Иттиҳод ба қонунҳои бевоситаи худ эҳтиёҷ дошт.
27 марти соли 1992 бо мақсади дар фаъолияти худ ба хатогиҳо роҳ надодан ва ҳамоҳангсозии фаъолияти парламентҳои давлатҳои аъзои ИДМ Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ бо маркази идорааш дар шаҳри Санкт-Петербург таъсис дода шуд.
6 июли соли 1992 бошад, барои дида баромадани масъалаҳои ҳалталаби байни давлатҳои аъзои ИДМ шарҳ ва татбиқ намудани қарор, созишномаҳои дар сатҳи ИДМ баимзорасида ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ баҳодиҳии муносибатҳои байни онҳо Суди иқтисодии ИДМ таъсис дода шуд. Ғайр аз ин тадриҷан зиёда аз 20 шӯро, кумита, комиссия ва иттиҳодия доир ба масъалаҳои саноат, нақлиёти роҳи оҳан, нафту газ, авиация, ангишту металл, мошинсозӣ робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, комплекси агросаноатӣ ва молҳои озуқа таъсис ёфт.
Ҳамин тариқ бояд зикр намоем, ки дар солҳои 1991 - 1992 дар таърихи фаъолияти даҳсолаи ИДМ аз ҷиҳати ҳалли зиёда аз 241 масъалаи муҳим соли пурмаҳсул ба шумор мерафт. Дар давоми ин солҳо агар, сарварони давлатҳои мустақил 8 маротиба ҷамъ шуда бошанд, сарварони ҳукуматҳои ИДМ дар шаҳрҳои Москва, Минск, Тошкент, Киев шаш маротиба вохӯрӣ гузаронданд.
Дар давоми соли 1993 сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои ИДМ панҷ маротиба вохӯрӣ намуда, ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодӣ ва сиёсиро вобаста ба истифодаи самараноки фаъолияти Иттиҳод дида баромаданд.
Натиҷаҳои фаъолияти кишварҳои аъзои ИДМ дар соли 1992 нишон доданд, ки бо вуҷуди чораҷӯиҳои зиёди сарварони давлатҳо вобаста ба нигоҳ доштани робитаҳои иқтисодии дар солҳои шӯравӣ ташаккулёфта, дар фаъолияти бонкҳои амалкунанда проблемаҳои зиёди ҳалталаб пайдо шуда, оҳиста-оҳиста монеаҳои бузурге дар пешрафти истеҳсолоти онҳо ба вуҷуд оварданд. Барои фавран ислоҳ намудани чунин норасоиҳо сарварони давлатҳои аъзои ИДМ ба хулосае омаданд, ки дар баробари сохторҳои амалкунандаи Бонки миллӣ 22 январи соли 1993 бонки махсуси байнидавлатиро таъсис

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо