Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
диҳанд. Мувофиқи банди якуми Созишнома "Дар бораи таъсиси Бонки байнидавлатӣ" ҳисоббаробаркунии байнидавлатӣ дар асоси коғазҳои қиматноки давлатии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, яъне рубл, ки дар тамоми давлатҳои аъзои ИДМ гардиш менамуд, бояд анҷом дода мешуд. Созишномаи номбурда ворид намудани купон ва ё пули миллиро низ ба назар гирифта буд. Ҳисоббаробаркунӣ мебоист дар асоси муайян намудани қурби пули миллӣ нисбати рубли русӣ амалӣ мешуд. Вазъи молиявӣ ва дар хазинаҳои давлатҳои аъзои ИДМ маҳдуд будани асъори хориҷиро ба назар гирифта, дар моддаи 3 ва 4 Созишномаи мазкур дар ҳисоббаробаркунии муомилоти молии байнидавлатии дуҷониба ва бисёрҷониба истифодаи системаи татбиқшудаи асъори клирингиро пешбинӣ намуда буданд.
Аз тарафи сарварони сиёсӣ муҳокима гардидани вазъияти ҳамондавраи пурмоҷрои дохилии Тоҷикистон боз як бори дигар нақши бузурги ИДМ-ро вобаста бо ҳалли масъалаҳои баҳсталаб дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нишон дод. Сарварони давлатҳои аъзои ИДМ ахбори Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмоновро оид ба вазъи ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ шунида, изҳороти худро қабул карданд.
Таъкид намудан ҷоиз аст, ки он солҳо бо вуҷуди тадбирҳои зиёди андешидашаванда вазъи ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз тезу тунд мегардид. Майдоннишиҳои қисми муайяни аҳолиро гурӯҳҳои фундаменталистӣ истифода бурда, оқибат мардумро ба задухӯрд кашиданд. Вале дере нагузашта, солимфикрию аксарияти аҳолии Тоҷикистон гурӯҳҳои мухолифинро берун аз хоки ватан намуда, дар асоси принсипҳои демократии давлатдорӣ ба бунёди сохтори нави давлат оғоз кард. Дар асоси ин изҳорот давлатҳои аъзои ИДМ бо роҳи конститутсионӣ дар сессияи XVI Шӯрои Олӣ интихоб шудани роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи онро дар бобати мӯътадил гардондани вазъи ҷамъиятиву сиёсии мамлакат бо роҳи мусолиҳои миллӣ дастгирӣ намуда, барои ҳарчӣ тезтар мӯътадил гардонидани вазъият дар Тоҷикистон ба ворид намудани қувваҳои сулҳҷӯ розӣгӣ доданд. Бояд қайд кунем, ки сарварони давлатҳои ИДМ дар ин вохӯрии худ ҳолати

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо