Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
алоқамандро меандешанд, ки унсурҳои ҳатмии зеринро дар бар мегиранд.
Марҳилаи аввал. Татбиқи амалии механизми иҷрои Созишнома дар бораи бунёди минтақаи савдои озод аз 15 апрели соли 1994 ва дар навбати аввал бекор кардани маҳдудиятҳои тарифӣ ва миқдорӣ дар тиҷорати тарафайн мутобиқи Протокол дар бораи ҷорӣ намудани низоми савдои озод бе ситонидани маблағу бе маҳдудиятҳо байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Беларусь аз 6 январи соли 1995, ки қисми ҷудонашавандаи Созишномаи мазкур мебошад.
Зимнан бекор кардани маҳдудиятҳо дар тиҷорати тарафайн дар асоси татбиқи Созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларусь аз 12 апрели соли 1994 дар бораи тартиби ягонаи танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва бунёди системаҳои комилан якхелаи танзими робитаҳои иқтисодии хориҷӣ (аз он ҷумла танзими тарифӣ ва ғайритарифӣ), инчунин муқаррар намудани низоми якхелаи савдо, тарифҳои умумии гумрукӣ ва чораҳои умумии танзими ғайритарифӣ дар муносибат бо кишварҳои сеюм сурат мегирад.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар давоми чор моҳи пас аз имзои Созишнома якнавохтсозии қонунгузории савдои хориҷӣ, гумрукӣ, асъору молия, андоз ва қонунҳои дигареро, ки ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дахл дошта, аз ҷумла марбут ба масъалаҳои зайл мебошанд, ба итмом мерасонанд:
• шароити иқтисодии хоҷагидорӣ дар асоси принсипҳои бозорӣ, ки барои субъектҳои фаъолияти хоҷагии давлатҳои тарафҳои аҳдкунанда имконияту кафолатҳои баробарро таъмин менамоянд;
• сиёсати нархгузорӣ;
• танзими асъор ва назорати асъор;
• назорати содирот;
• рақобати номатлуб ва таҷрибаи маҳдудкунӣ;
• моликияти зеҳнӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо