Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
• кафолат додани инкишофи босуботи иқтисодиёт, мубодилаи озоди мол ва рақобати софдилона;
• таҳким бахшидани ҳамоҳангии сиёсати иқтисодии кишварҳои худ ва таъмин намудани инкишофи ҳамаҷонибаи хоҷагии халқи миллӣ;
• фароҳам овардани шароит барои ташаккули фазои умумии иқтисодӣ;
• фароҳам овардани шароит барои ба бозори ҷаҳонӣ фаъолона баромадани давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ.
Дар Созишномаи мазкур Иттиҳоди гумрукӣ ҳамчун муттаҳидшавии иқтисодии давлатҳо муайян шудааст, ки ба принсипҳои зерин асос меёбад:
а) мавҷуд будани қаламрави ягонаи гумрукии давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ. Ташкили қаламрави ягонаи гумрукӣ бо роҳҳои зерин сурат мегирад:
• дар тиҷорати байни давлатҳо бекор кардани бочу хироҷи гумрукӣ, андозҳо ва боҷҳои ба онҳо баробар, инчунин маҳдудиятҳои миқдорӣ барои молҳои дар қаламрави онҳо истеҳсолшуда;
• дар муносибат бо кишварҳои сеюм муқаррар ва истифода намудани низоми якхелаи савдо, тарифҳои умумии гумрукӣ ва чораҳои танзими ғайритарифии савдои хориҷӣ;
• ташаккули механизми муносибатҳои мутақобилаи Иттиҳоди гумрукӣ бо давлатҳои сеюм ва созмонҳои байналмилалӣ дар асоси муқаррароти Созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларусь аз 12 апрели соли 1994 дар бораи тартиби ягонаи танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ;
б) мавҷуд будани механизми якхелаи танзими иқтисодӣ ба принсипҳои хоҷагидории бозорӣ ва қонунгузории якнавохт асосёфта.
Дар моддаи 2 Созишномаи мазкур тазаккур дода шудааст, ки Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларусь дар бобати ташаккули Иттиҳоди гумрукӣ маҷмӯи тадбирҳои ба ҳам

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо