Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ИДМ, Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди гумрукиро дар тайёр кардани ҳуҷҷатҳои бисёр масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ, маъмурӣ, иҷтимоӣ, ҳамкориву кӯмак ва ғайра мебинем.

Дар рӯзҳои аввали асри XXI натиҷаҳои фаъолияти ИДМ-ро ҷамъбаст намуда, бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар раванди ҳамкории бисёрҷониба роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои аъзои ИДМ таҷрибаи бой ва иқтидори бузурги ҳамкорӣ ба даст овардаанд, ки истифодаи он дар солҳои наздик барои боз ҳам мустаҳкам шудани Иттиҳод кӯмаки бузург мерасонад.

Давлатҳои аъзои ИДМ, Иттиҳоди гумрукӣ, Иттиҳоди Евразия дар давоми ин даҳ сол масъалаҳои ташаккули сохтори миллии давлатиро ҳал намуда, дар асоси созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба муносибатҳои нави сиёсӣ ва иқтисодиро бо давлатҳои ИДМ, давлатҳои рӯ ба инкишоф ва аз ҷиҳати саноатӣ тараққикардаи ҷаҳон ба роҳ монданд.

Муҳимаш он аст, ки дар ҷараёни ҳамгироӣ ҳайати корӣ ва механизми кории ҳам сохторҳои давлатҳои алоҳида ва ҳам сохторҳои идораҳои байнидавлатӣ, ба монанди Кумитаи ҳамоҳангсозию машваратӣ, Кумитаи ҳамгироӣ қарорҳои сиёсӣ ва иқтисодии қабулшударо дар амал татбиқ карда метавонанд.

Созишнома оид ба бунёди Иттиҳоди иқтисодӣ моҳи сентябри соли 1993 бо мушкилии зиёд ба имзо расида буд. Солҳои аввал муқаррароти ин Созишнома бо душворӣ татбиқ мешуданд ва ба пурра иҷро гардидани мақсадҳои муҳимтарини ин Созишнома на ҳама боварӣ доштанд. Аммо нақшаҳои стратегӣ ва пешбинии роҳбарони давлатҳои аъзои ИДМ аз сари нав эътимод пайдо карданд. Имрӯзҳо кулли ҷаҳон дарк кард, ки ҳамгироии дар асоси принсипҳои нави демократӣ бароҳмондашуда Созишномаи номбурдаро бо мазмун ва мундариҷаи нав мукаммал намуда, барои ба мақсади олӣ - ҳамгироии сиёсӣ расидани кишварҳои аъзои ИДМ-ро наздик мекунад.

Мо гуфта метавонем, ки Иттиҳод ҳамин хел қудрати бузург дорад, ки ҳар гуна масъаларо ҳал менамояд. Давлатҳои аъзои ИДМ дорои захираҳои бои ашёи хом, саноати тараққикарда, иқтидорҳои

пешина
аз 785
навбатӣ