Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
илмӣ ва технологияи замонавӣ мебошанд ва ин имконият ба давлатҳои алоҳидаи аъзои ИДМ шароит фароҳам меоварад, ки пешрафти иқтисодии давлати худро таъмин намоянд.
Албатта, пӯшида нест, ки ҳоло аз чунин шароитҳои мавҷуда пурра истифода бурда наметавонем, чунки ҷараёни ҳамгироӣ бо вуҷуди маҳдуд будани вақт бо суръати паст инкишоф ёфта истодааст ва то ҳоло на ҳамаи давлатҳои аъзои ИДМ аз ҳолати таназзули иқтисодӣ баромадаанд:
ислоҳоти иқтисодӣ дар вақташ анҷом дода нашуд;
ҳаҷми тиҷорати байнидавлатие, ки то соли 1991 вуҷуд дошт, таъмин карда нашуд;
тадбирҳо оид ба бароҳмонии пардохт ва ҳисоббаробаркунии байнидавлатӣ ягон натиҷа надода истодааст;
бӯҳрони пардохт роҳбарони ҳукуматҳоро ба ташвиш оварда истодааст;
қарорҳои Шӯрои сарварони давлатҳо оид ба бунёди гурӯҳи молиявию истеҳсолоти трансмиллӣ иҷро нашуда истодаанд.
Ҳамаи ин албатта, ба ҷараёни ҳамгироӣ таъсири манфии худро мерасонад. Бо вуҷуди ҳамаи ин норасоиҳо солҳои охири асри ХХ дар ҳалли баъзе масъалаҳо пешравӣ ба назар мерасад. Бузургтарин комёбӣ ин таъсиси Иттиҳоди гумрукӣ ба шумор меравад.
Дар даври аввал зина ба зина ба ин созмон панҷ давлати ИДМ ҳамроҳ шуда, дар як муддати кӯтоҳ корҳои зиёдеро вобаста ба омода сохтани заминаҳои қонунгузорӣ, бекор кардани маҳдудиятҳои мустаҳкам намудани робитаҳои иқтисодӣ, таъмини ҳимояи сарҳади давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ, танзими меъёрҳои гумрукӣ, таҳияи тарифи ягонаи гумрукӣ, тартиби ягонаи ситонидани бочу хироҷи гумрукӣ ва механизми истифодаи онҳо ба анҷом расониданд. Аммо дар ин роҳ ҳам бо сабабҳои навбунёдӣ, надоштани таҷрибаи кофӣ, комилан надонистани меъёрҳои байналмилалӣ ва аз ҳама муҳим, бо мақсади таъмини ҳарчи бештари қисми даромади буҷет, давлатҳои алоҳидаи аъзои Иттиҳоди гумрукӣ бе маслиҳати якдигар, яктарафа тарифҳои гумрукии тасдиқшударо тағйир дода, бовариро аз якдигар дур менамуданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо