Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Дар ин солҳо барои баробар намудани шароити иқтисодӣ ва ҳуқуқии истеҳсолкунандагони давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ дар масъалаи якхела намудани қонунгузории иқтисодӣ дар соҳаи андоз, нарх, сиёсати буҷетӣ ва танзими асъорӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ нарасиданд.
Дар баробари ин сохтори таъсиснамудаи марказӣ - Кумитаи ҳамгироӣ бо сабаби надоштани ваколатҳои зарурӣ вазифаҳои худро пурра иҷро карда натавонист.
Камбудиҳои ҷойдоштаро ба назар гирифта, моҳи октябри соли 2000 роҳбарони давлатҳои Қазоқистон - Н. Назарбоев, Қирғизистон - А. Акаев, Федератсияи Россия - В. Путин, Белоруссия - А. Лукашенко, Ҷумҳурии Тоҷикистон - Э. Раҳмонов дар вохӯрии навбатии худ дар шаҳри Остона ба хулосае омаданд, ки дар асоси созмони ташкилёфта Иттиҳоди Евразияро таъсис диҳанд.
Ҳамин тариқ, як қисм давлатҳои аъзои ИДМ дар асри нав мақсади бунёди созмони ба Иттиҳоди Европа монанд - Иттиҳоди Евразияро ба миён гузоштанд.
Ҳуҷҷатҳои асосии қабулшудаи сарварони Шӯрои давлатҳо ва ҳукуматҳои ИДМ дар давраи солҳои 1991-2000
-
Изҳороти сарварони давлатҳои Белоруссия, Федератсияи Россия ва Украина аз 8 декабри соли 1991. Вискули, Белоруссия.
-
Созишнома оид ба таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 8 декабри соли 1991. Вискули, Белоруссия.
-
Эъломияи аз 21 декабри соли 1991 дар шаҳри Алмаато қабулшуда. Алмаато, Қазоқистон.
-
Изҳороти сарварони давлатҳои иштирокчии ИДМ (оид ба масъалаҳои ҳарбӣ) аз 16 январи соли 1992, ш. Москва.
-
Созишнома дар бораи тартиби транзит аз 8 феврали соли 1992, ш. Москва.
-
Эъломия дар бораи риояи принсипҳои ҳамкорӣ дар доираи ИДМ аз 14 феврали соли 1992, Минск.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо