Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

Назарияи бунёди Иттиҳоди иқтисодии Евразияро моҳи апрели соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Назарбоев Н.А. пешниҳод карда буд. Дар натиҷаи таҳлили муносибатҳои иқтисодии давлатҳои навбунёди Осиёи Миёна, Қазоқистон ва Федератсияи Россия баъди соҳибистиқлол шудан Президенти Қазоқистон Н.Назарбоев ба чунин хулоса омад, ки пастравии ҳаҷми истеҳсолоти кулли давлатҳои аъзои ИДМ-ро бе иштироки Россия пешгирӣ намудан имконнопазир аст. Назарбоев бо эҳсосот таъкид ва даъват мекард, ки ҳамкориро дар шакли нисбатан нави робитаҳое, ки мо дар солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ доштем, бояд ба роҳ монем.

Албатта маълум аст, ки чунин пешниҳод аз Ҳукумати Қазоқистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ аз нав гузаштҳои зиёдеро талаб мекард. Сиёсати пешгирифтаи Назарбоев сабабҳои хоси худро дошт.

Яке аз сабабҳои асосии чунин пешниҳод, аз ҷиҳати таркиби миллии аҳолӣ ба ду қисм тақсим шудани ҳудуди давлати Қазоқистон ба шумор мерафт. Дар қисмати шимолии Қазоқистон, ки ба Федератсияи Россия ҳамсарҳад аст, аксарияти аҳолиро русҳо ташкил медиҳанд ва дар ҷануби ин давлат бошад, асосан қазоқҳо зиндагӣ мекунанд. Дар баробари ин халқи қазоқ бо мурури замон ҷиҳатҳои хуби урфу одат ва зиндагии мардуми русро қабул намуда, то имрӯз дӯстона умр ба сар мебурданд.

Дар масъалаҳои иқтисодӣ, бо вуҷуди то ҳадди ақал, нисбат ба дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ мустақил буданаш, бинобар дар солҳои шӯравӣ бунёд гардидани корхонаҳое, ки фаъолияти онҳо бештар ба Россия нигаронида шуда буд, Қазоқистон чун пештара бо Россия сахт пайвастагӣ дошт.

Бинобар ин Назарбоев бо пешниҳоди худ ба роҳбарияти як қатор давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ суст тараққӣ

пешина
аз 785
навбатӣ