Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
ёфтаанд, фаҳмондан мехост, ки пешрафти иқтисодиёти чӣ Қазоқистон ва чӣ давлатҳои ИДМ ба Россия вобастагии комил дорад.
Пешниҳоди нақшаи ҳамгироии Назарбоев (Иттиҳоди Евразия) бо вуҷуди монандӣ доштани он бо Иттиҳоди байнидавлатии Осиёи Марказӣ, аз ҷиҳати доираи васеътар доштанаш фарқ мекунад.
Мувофиқи назарияи Назарбоев бунёди Иттиҳоди Евразия дар асоси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилли комилҳуқуқ ба нақша гирифта шуда буд. Фаъолияти ин созмон аз бунёди Иттиҳоди иқтисодӣ ва асъорӣ то бунёди Иттиҳоди сиёсӣ пешбинӣ шуда буд.
Сохтори Иттиҳоди Евразия мувофиқи пешниҳоди Назарбоев бояд аз Шӯрои сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳо ҳамчун мақоми олӣ ва Кумитаи иҷроия ба сифати мақоми доимоамалкунанда иборат мебуд. Сохтори номбурда ба созмони ҳамгироии давлатҳои Осиёи Марказӣ шабоҳат дошт, вале бо интихоби парламент ба Иттиҳоди Евразия таваҷҷӯҳи бештар ба масъалаҳои сиёсӣ дода мешуд.
Хулоса, пешниҳоди Назарбоев дар он солҳо маънои дар шароити нисбатан нави хоҷагию сиёсӣ ё ҷамъиятию сиёсӣ аз нав эҳё кардани Иттиҳоди Шӯравиро дошт.
Албатта, чунин ақидаро баъзе давлатҳои навбунёде, ки қадамҳои аввалини соҳибистиқлолиро мегузоштанд, эътироф намекарданд ва бечуну чаро рад менамуданд.
Дар баробари ин Президенти Ӯзбекистон Каримов бунёди Иттиҳоди Евразияро зери танқид гирифта, амалӣ шудани чунин назарияро зери шубҳа қарор дод. Ӯ боварӣ дошт, ки тамоили интихобнамудаи Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба бунёди Иттиҳоди ҳамгироии иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Россия ҳадди ақал ба ҷараёни оғозгардидаи ҳамгироии давлатҳои Осиёи Марказӣ халал нарасонад ҳам, фаъолияти онро вазнин менамояд.
Дар баробари дастгирӣ наёфтани пешниҳоди Назарбоев дар нимаи дуюми соли 1994 Ҷумҳурии Қазоқистон баъд аз пешниҳоди Ҳукумати Россия оид ба гузаштҳои зиёди иқтисодӣ барои дар минтақаи рубли Россия мондан, Ҳукумати Қазоқистон маҷбур шуд,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо