Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
сиёсии кишвар аз ҳамроҳ шудан ба ин созмони ҳамгироӣ худдорӣ намуданд.
Аз тарафи дигар, бо вуҷуди таблиғоти зиёд дар фаъолияти Кумитаи иҷроияи Шӯрои иқтисодии Осиёи Марказӣ камбудиҳои зиёде низ ҷой доштанд, ки онҳо бештар дар ҳалли масъалаҳои додани имтиёзҳо, усулҳои ситонидани андоз аз арзиши изофа, аз байн бардоштани тарифҳои гурукӣ, зоҳир мешуд.
Решаҳои чунин ихтилофот пеш аз ҳама дар сатҳи гуногуни рушди иқтисодӣ қарор доштани ин се ҷумҳурӣ баръало дида мешуд.
Албатта ба ҳама пешниҳодҳои намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ӯзбекистон розӣ шудани намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон маънои дидаю дониста ба буҷети ҷумҳурии худ расондани зарари бевоситаи иқтисодиро дорад. Бинобар ин онҳо дараҷаи тараққиёти мамлакати худро ба назар гирифта, роҳҳоеро ҷустуҷӯ менамоянд, ки ислоҳоти иқтисодӣ ҳарчӣ безарартар дар кишварашон доир гардад.
Масалан, Қирғизистон дар мадди аввал тамоми тавоноии мамлакати худро барои ҳарчӣ тезтар ба роҳи саноатӣ мондани соҳаи кишоварзӣ, сӯзишворию энергетикӣ ва истеҳсолоти молҳои ниёзи мардум сафарбар намудааст.
Ҳукумати Қирғизистон мақсад дорад, ки иқтисодиёти бисёрсоҳаи солҳои дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буданаш бунёдгаштаро, ки ба ашёи хоми аз дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ воридшаванда вобаста буд, пурра аз байн бардошта, соҳаҳои саноатеро, ки бевосита бо ашёи хоми маҳаллӣ кор мекунад, бунёд намояд.
Ӯзбекистон. Аз рӯзҳои аввали истиқлолият Ҷумҳурии Ӯзбекистон нисбат ба ҳамаи давлатҳои навбунёди Осиёи Марказӣ сиёсати аз ҷиҳати иқтисодӣ муттаҳидшавиро пеш бурда, сабабгори бунёди иттиҳоди минтақавии ҳамгироии Осиёи Марказӣ гардид. Ҳукумати Ӯзбекистон пешрафти иқтисодии давлатҳои аъзои ИИОМ ва манфиатнок будани фаъолияти ин созмонро танҳо дар пешбурди сиёсати ягонаи гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ ва дар асоси он идора намудани кулли иқтисодиёти ин давлатҳо бо роҳи равнақу

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо