Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Дар ҳамин вохӯрӣ аз ҷониби сарварони ин се давлат як силсила ҳуҷҷатҳои расмие ба имзо расиданд, ки дар асоси онҳо кулли масъалаҳои вобаста ба иқтисодиёт, соҳибкорӣ, андоз, ҳамкории ҳарбию техникӣ, мудофиаи муштарак ва фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҳалли худро меёфтанд.
Барои ҳарчи тезтар амалӣ намудани қарорҳои қабулшуда бо иштироки бевоситаи президентон ва сарвазирони ин давлатҳо шӯрои байнидавлатӣ таъсис дода шуд.
Дар баробари таъсиси сохтори олии ин созмон шӯроҳои зайл таъсис дода шуданд:
• шӯрои сарвазирон, ки дар як сол 4 маротиба ҷамъ мешавад;
• шӯрои вазирони мудофиа;
• шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ.
Қатъӣ будани мақсадҳои худро нишон дода, онҳо мувофиқи қарори махсуси худ Кумитаи доимамалкунандаи иҷроияи шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Осиёи Марказиро дар шаҳри Бишкек бунёд намуданд.
Сарварони давлат ба чунин хулоса омаданд, ки барои назорати гардиши байнидавлатии мол фавран Бонки марказии Осиёи Миёнаро бунёд намуда, фаъолияти онро барои татбиқи нақшаҳои бузурги байнидавлатӣ дар соҳаи истифодаи сӯзишворӣ, энергетика, алоқа, ҷалб намудани сармоягузории хориҷӣ бевосита истифода баранд.
Ҳамин тариқ, Созишномаи бунёди фазои ягонаи иқтисодӣ барои оғози раванди ҳамгироӣ байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ замина гузошта, онро аз ҷиҳати сиёсӣ мустаҳкам намуд.
Бояд таъкид кард, ки мувофиқи муроҷиатномаи сарварони давлатҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ин созмони ҳамгироӣ на танҳо барои ҷумҳуриҳои дигари ин минтақа, чун Тоҷикистон ва Туркманистон боз аст, балки ба он дигар ҷумҳуриҳои навбунёди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ метавонанд дохил шаванд.
Ҷумҳурии Туркманистон бинобар сиёсати бетарафии пешгирифтааш, Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, бо сабаби нооромиҳои дохили мамлакат ва номӯътадил будани вазъи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо