Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
кӯтоҳ ба роҳ мондани истеҳсолот, содироти молҳои ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ, дарёфти асъори хориҷӣ барои вусъат бахшидани истеҳсолот ва баргардонидани қарзҳои гирифташуда мебошад.
в) барномаи сеюми тараққиёти Қирғизистонро дар асоси сафарбар намудани сармояи миллие, ки тараққиёти истеҳсолот, содирот ва воридоти молҳоро бе қарзҳои калони хориҷӣ таъмин кунад, пешбинӣ менамуд.
Ҳукумати Қирғизистон бояд аз рӯзҳои аввали истиқлолият сиёсати ҳарчи бештар ривоҷ додани содироти молҳои истеҳсоли ватанӣ ва воридоти ашёи хоми бевосита барои истеҳсолоти маҳаллӣ зарурбударо ба роҳ мемонд, дар тавозуни содирот ва воридот бартарии содиротро таъмин мекард.
Иҷрои ин кор, аз як тараф сафарбар намудани захираҳои табиии дар солҳои шӯравӣ ҳамчун захираҳои давлатӣ истифоданашуда ва аз тарафи дигар истифодаи пули миллии Қирғизистонро пешбинӣ менамуд.
Амалӣ шудани ин нақша пеш аз ҳама:
аз ҳисоби истифодаи захираҳои миллии пасандозҳо;
аз ҳисоби ҷалби сармояҳои бевоситаи сармоядорони хориҷие, ки ба қарзи давлатӣ зам намешаванд. Бояд таъкид намуд, ки воридоти ин намуди сармоя бештар боиси он мегардад, ки он дар шакли даромад аз ҷумҳурӣ ба кишвари сармоягузорон интиқол мешавад; аз ҳисоби ҳарчи пурра истифода бурдани таҷҳизоти техникӣ; то ҳадди ақалл кӯшиши кам намудани ҳаҷми воридоти молҳои истеъмолӣ аз ҳисоби маблағи молҳои содиротшуда; аз ҳисоби дар як сатҳ нигоҳ доштани дараҷаи нарх ва қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, пешбинӣ шуда буд.
Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонии тараққиёт ва таҷдид (МБРР) ин барномаро таҳлил намуда, барои Қирғизистон барномаи дуюмро муносиб диданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо