Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Татбиқи ин барнома оҳиста-оҳиста ба беҳтаршавии робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва молиявии Қирғизистон оварда, охирҳои асри ХХ ҷумҳуриро аз сармояи хориҷӣ озод менамояд.

Албатта пурра амалӣ шудани чунин барнома дар шароите, ки дар робитаҳои иқтисодии хориҷии мамлакатҳои ҷаҳон қариб ҳар рӯз дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоянд, зери шубҳа мебошад.

Лекин бо вуҷуди ин Ҳукумати Қирғизистон самти интихобнамудаи худро дигар накарда, барои мамлакати худ роҳвориди бозори ҷаҳонӣ намудан ҷидду ҷаҳд менамуд.

Мақсади асосӣ аз даст надодани пешсафӣ дар миқёси давлатҳои Осиёи Марказӣ бо истифодаи тамоми имтиёзҳое, ки аз давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон ва созмонҳои бунёднамудаи онҳо гирифтаанд ва гузоштани нақши муайяни худ дар иқтисодиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ буд.

Соли 1999 Ҷумҳурии Қирғизистон бар хилофи низомномаи Иттиҳоди гумрукӣ ва созишномаҳои ҳамкории байни Россия, Белоруссия, Қазоқистон ва Тоҷикистон аз байни давлатҳои ИДМ ва Иттиҳоди гумрукӣ аввалин шуда, ба аъзогии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Савдо (ТУС) дохил шуда, дар баробари соҳиб шудан ба имтиёзҳои ин созмон оид ба содироти молҳои истеҳсоли худ ба хориҷ, ҳамчунин ба тамоми имтиёзҳое, ки аз тарафи ин созмон барои воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ ва молҳои саноатии хориҷӣ ба 121 мамлакати ҷаҳон муайян шудааст, соҳиб гардид.

Чунин имконият албатта дар натиҷаи воридоти молҳои мухталифи тамоми мамлакатҳои дунё, агар аз як тараф ба рушди бозори Қирғизистон мусоидат намояд, аз тарафи дигар сабабгори тамоман баста шудани тамоми корхонаҳои хурду миёнаю бузург мегардад. Роҳбарияти Ҳукумати Қирғизистон албатта чунин ҳолатро пешбинӣ намуда, дар ояндаи наздик талаботи аҳолии кулли давлатҳои Осиёи Марказиро ба ин ё он намуди мол омӯхта, ба бароҳмонии истеҳсоли он шурӯъ карданист.

Чунин ҳолат зарари худро ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ мерасонад. Ҳазорон тоҷирони хурду бузург аз бозорҳои яклухти

пешина
аз 785
навбатӣ