Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хонданОсиёи Марказӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои имзошуда чор давраро дар бар мегирад:
• бунёди минтақаи озоди тиҷоратӣ;
• таъсиси иттиҳоди гумрукӣ;
• ташкил намудани иттиҳоди пардохт ва қарзию пулӣ;
• бунёди бозори умумии қувваи корӣ ва сармоя.
Дар баробари ин таҷрибаи ҷараёни ҳамгироии минтақаҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки барои бунёди иттиҳоди самараноки иқтисодӣ, пеш аз ҳама, бояд тадбирҳои зерин андешида шаванд:
- Бунёди Бонки ягонаи марказӣ; 2. Ворид намудани асъори ягона, ки эмиссияи онро танҳо сохтори олии ин созмон анҷом медиҳад; 3. Низоми ягонаи макроиқтисодӣ ва андоз; 4. Тартиби умумии ҳаракати озоди мол, қувваи корӣ, кадрҳои илмию техникӣ ва сармоя; 5. Хариду фурӯши озоди амвол дар тамоми қаламрави иттиҳод; 6. Бунёди хазинаи умумӣ аз ҳисоби қисми андозҳои ҷамъшавандаи давлатҳои алоҳида барои истифодаи умум ва хароҷоти идора.
Дар баробари татбиқи зина ба зинаи тадбирҳои зикргардида аз аъзоёни Иттиҳод додани як қисми ваколати роҳбарӣ ба мақомоти марказии Иттиҳод талаб карда мешавад.
Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ. Баъди дар соли 1998 дар натиҷаи бӯҳрони молиявӣ якбора паст гаржидан, муомилоти савдои хориҷии давлатҳои ҶИОМ бори аввал дар соли 2000 хеле афзуд ва ҳаҷми умумии он 22916,2 млн. доллари ШМА-ро ташкил дод. Аз ҷумла, содирот 13687,8 млн. доллар, воридот 9228,2 млн. долларро ташкил дод. Афзоиши умумии муомилоти мол дар соли 2000 нисбат ба соли 1999 4889 млн. доллар ё 7%-ро ташкил дод. (Ҷадвали №18) Зимнан, афзоиши муомилоти мол дар тамоми давлатҳо, ғайр аз Ӯзбекистон, ки пастшавии муомилоти моли он 2,1%-ро ташкил дод, мушоҳида мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо