Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

фазои ягонаи иқтисодӣ ва барномаи панҷсолаи стратегии тараққиёти иқтисодӣ ва ҳамгироии Осиёи Марказиро тасдиқ намуданд.

14 июни соли 2000 дар қасри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа сарварони давлатҳои аъзои Ҷомеа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмоновро ба муҳлати як сол ба ҳайси раиси Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Осиёи Марказӣ интихоб намуданд. Чунин қарор боварии бузург на танҳо ба Президенти ҷумҳурии мо, балки ба тамоми халқи тоҷик буд. Дар рафти ин вохӯрӣ сарварони чор давлати Осиёи Марказӣ барномаи дусолаи тадбирҳо оид ба вусъатбахшии ҷараёни бунёди фазои ягонаи иқтисодӣ ва барномаи панҷсолаи стратегии тараққиёти иқтисодӣ ва ҳамгироии Осиёи Марказиро тасдиқ намуданд.

Комиссияи Европоии иқтисодии СММ барои кӯмак расонидан ба иқтисодиёти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ барномаи махсуси СПЕКА-ро таҳия намуд.

Ин лоиҳа моҳи октябри соли 2000 дар шӯрои гурӯҳи кории СПЕКА ва Конференсияи иқтисодии байналмилалие, ки ба мавқеи Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд, муҳокима гардида, қарор қабул карда шуд, ки варианти охирини ин барнома дар Конференсияи иқтисодии байналмилалие, ки моҳи октябри соли 2001 дар ш.Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои тасдиқ ба Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Осиёи Марказӣ пешниҳод гардад.

Барои фаҳмотар шудани барномаҳои қабулшуда самтҳои муҳими ҳамкории иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказиро дар алоҳидагӣ ба Шумо шарҳ медиҳем.

Сарварони ҷумҳуриҳои Қазоқистон Назарбоев Н.А., Қирғизистон Акаев А.А., Ӯзбекистон Каримов И.К. ва Тоҷикистон Раҳмонов Э.Ш. оид ба дар соли 2002 ба охир расонидани бунёди фазои ягонаи иқтисодӣ ва дар соли 2005 ба охир расонидани бунёди иттиҳоди иқтисодӣ розигӣ дода, лоиҳаи барномаи СПЕКА-ро имзо намуданд. Амалӣ шудани барномаи ҳамгироии иқтисодии давлатҳои

пешина
аз 785
навбатӣ