Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
БОБИ XI. СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ
Дигаргуниҳои куллие, ки даҳсолаҳои охир, баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал омаданд ва дар натиҷа дар ҷаҳон мувозинати қувваҳо нобаробар шуд, роҳбарияти солимфикри баъзе давлатҳоро водор кард, ки нисбати бехатарии марзи давлатҳои худ чораҳои зарурӣ андешанд.
Бори аввал 26 апрели соли 1996 дар Шанхай вохӯрии нахустини сарварони панҷ давлати ҳамсарҳад - Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ки он барои густариши муносибатҳои байниҳамдигарӣ саҳифаи наверо кушод. Мамлакатҳои Форуми Шанхай бо ҷидду ҷаҳди амалии худ ба инкишофи солими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ роҳ кушода, ба ҷомеаи байнамилалӣ таҷрибаи бунёди шаклҳои нави муносибатҳои байнидавлатӣ, сохти нави ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва бархӯрди нав ба масъалаҳои амниятро пешниҳод карданд.
Вохӯрии дуюми "Панҷгонаи Шанхай" моҳи апрели соли 1997 дар шаҳри Москва баргузор гардид. Дар рафти ин вохӯрӣ Созишнома дар бораи ихтисори мутақобилаи қувваҳои мусаллаҳ дар мавзеи наздисарҳадӣ имзо карда шуд, ки он бори дигар майлу хоҳиши давлатҳои иштирокчиро дар бобати инкишоф додану мустаҳкам кардани ҳамкорӣ, инчунин нисбати ҳамдигар надоштани ҳеҷ гуна мақсадҳои таҷовузро нишон дод.
Вохӯрии сеюм соли 1998 дар шаҳри Алмаато барпо гардид, ки дар он ҳамкории байни мамлакатҳои Форуми Шанхай вусъат ёфт. Дар изҳороти якҷоя, ки дар ҷамъбасти ин вохӯрӣ қабул шуда буд, доир ба инкишофи муносибатҳои байнидавлатӣ афзалиятҳои нав ва махсусан ҳавасмандкунӣ ва инкишоф додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар асоси принсипҳои баробарӣ ва мутақобилан судманд муайян карда шуданд.
Августи соли 1999 дар шаҳри Бишкек вохӯрии чоруми давлатҳои Форуми Шанхай баргузор гардид, ки дар он сарварони

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо