Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
давлатҳо ҷараёни иҷрои амалии созишномаҳоеро, ки дар вохӯриҳои Шанхай, Москва ва Алмаато имзо шуда буд, муҳокима карда, доир ба масъалаҳои хеле муҳим дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва вусъати фаъолияти тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ табодули назар карданд. Инчунин ҷустуҷӯи фаъолонаи роҳҳои такмил додани муносибатҳои байнидавлатиро бо дарназардошти барқарор кардани "Роҳи бузурги абрешим" идома доданд, ки ин ба инкишофи устувори иқтисодиёт ва пешрафту тараққии минтақа мусоидат мекунад.
Дар рафти мулоқоти Бишкек намояндагони "Панҷгонаи Шанхай" масъалаҳои бехатарии минтақавӣ, аз ҷумла ҳалли проблемаи Афғонистон, дастгирӣ кардани ҷараёни ҳалли осоиштаи вазъи Тоҷикистон, муайян сохтани роҳу тадбирҳои муборизаи якҷоя бо қочоқи силоҳ ва маводи нашъа, ҷудоиандозиҳои миллӣ, моҷароҷӯиҳои динӣ ва ғайраро мавриди муҳокима қарор доданд.
Вохӯрии Бишкек бо имзои Эъломияи давлатҳои иштирокчии Созишномаи сеҷониба оид ба нуқтаи пайвасти сарҳадҳои давлатии байни Қазоқистон, Хитой ва Қирғизистон ва Созишномаи иловагӣ доир ба сарҳади Қирғизистону Хитой анҷом ёфт.
Дар арафаи вохӯрии сарварони давлатҳои "Панҷгонаи Шанхай" корҳои бисёр ва пурсамар анҷом дода шуданд. Ноябри соли 1999 дар Бишкек ва моҳи апрели соли 2000 вохӯриҳо дар сатҳи роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, моҳи март дар Остона вохӯрии вазирони мудофиа, моҳи июн бошад, дар Бишкек вохӯрии нави ҳамоҳангсозони мамлакатҳои иштирокчии Форуми Шанхай баргузор гардид.
Фаъолияти Панҷгонаи Шанхай танҳо бо проблемаҳои сарҳадӣ маҳдуд намешавад. Ин гурӯҳи минтақавӣ дар ҳалли масъалаҳои бехатарӣ, бартараф ва пешгирӣ намудани ихтилофот, нигоҳ доштани вазъияти мӯътадилу устувор, мустаҳкам кардани тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо нашъамандӣ ва ғайра нақши назаррас дорад, яъне ҳалли проблемаҳои инкишофи мунтазами тамоми ин минтақа ба фаъолияти пурсамари он вобаста аст.
Дар доираи "Панҷгонаи Шанхай" созмон додани маркази зиддитеррористӣ дар Бишкек барои пурсамар ва бомуваффақият мубориза бурдан бо авҷгирии хатари ба минтақа гузаштани

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо