Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Солҳои охири асри XX аз 840 млрд. тонна захираҳои пешбинишудаи нафти ҷаҳон мавҷудияти 270-300 млрд. тоннаи он пурра аниқ карда шудааст. Дар аввалҳои асри XXI бошад, ҳаҷми захираи конҳои нафт 140 млрд. тоннаро ташкил менамояд.
Аз ҷиҳати захираҳои бузурги нафт бойтарин давлати дунё Арабистони Саудӣ ба ҳисоб меравад. Захираи аниқшудаи ин давлат дар аввали асри XXI 25,4 млрд. тонна мебошад. Баъд аз Арабистони Саудӣ дар ҷои дуюм Ироқ бо 11 млрд. тонна, ҷои сеюм - Аморатҳои Муттаҳидаи Араб бо 9,4 млрд. тонна, ҷои чорум Кувайт- 9,3 млрд. тонна, ҷои панҷум Эрон - 9,1 млрд. тонна, ҷои шашум Венесуэла - 6,8 млрд. тонна, ҷои ҳафтум Россия - 4,8 млрд. тонна, ҷои ҳаштум Хитой - 2,4 млрд. тонна, ҷои нӯҳум ШМА - 2,4 млрд. тонна қарор доранд.
Захираҳои бузурги нафт дар аввалҳои асри XX пеш аз ҳама дар ҳудуди давлати Арабистони Саудӣ кашф карда шуд. Тадқиқоти геологӣ аниқ намуданд, ки тамоми захираҳои Арабистони Саудӣ дар чор ҳавзаи хеле бузург гирд оварда шуда, табиат барои гирифтани миқдори нафти бисёр шароит муҳайё намудааст. Аз чунин шароит ШМА ва Англия истифода бурда, бо мақсади эҳтиёт намудани захираҳои нисбатан ками худ кӯшиши ёфтани роҳҳои ҳамкорӣ ва истихроҷи нафтро пеш гирифтанд.
Аввалин ширкатҳои ШМА бо номи "Сокол", "Стандарт Ойл оф Калифорния" ва "Тексако" якҷоя бо ширкатҳои нафти араб соли 1945 ба истихроҷу содироти нафт шурӯъ намуданд.
Комёбиҳои ин ҳамкориро ба назар гирифта, соли 1948 бо онҳо компанияҳои "Ексон" ва "Мобил" ҳамроҳ шуда калонтарин консорсиумро дар ҷаҳон бунёд намуданд. (Иртилооти пурра дар ин бора дар саҳ. 149-154 бахши Иттиҳоди мамлакатҳои содиркунандаи нафт дода шудааст).
Бо чунин нақша захираҳои Ироқ, Эрон, Кувайт муайян карда шуда, бо ҳамкории васеи мутахассисони хориҷӣ чоҳҳои нафт тайёр карда шуда, ба истифода дода шудаанд.
Бештари захираҳои нафтии Россия бошад, баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон дар солҳои мавҷудияти давлати бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ бо мақсади таъмини пешрафти иқтисодиёти мамлакат кашф карда шуда

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо