Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
"Киштут"; аҳолии ноҳияҳои Ғарм, Дарбанд ва Тоҷикобод аз конҳои ангиштсанги Назарайлок; аҳолии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшон аз конҳои "Равноб", кони Шарқӣ; аҳолии Кофарниҳон, Файзобод, ноҳияи Ленин аз кони "Ромит"-и ноҳияи Кофарниҳон солҳои зиёд истифода бурда истодаанд.
Аз рӯзҳои аввали истиқлолият роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фикри ҳарчи бештар бо ангиштсанг таъмин намудани аҳолӣ мебошад. Вале бо афзудани нархи боркашонӣ арзиши ангиштсанг хеле баланд шуд. Ҳоло дар бозори ҷаҳонӣ арзиши як тонна ангиштсанг 50-70 доллари ШМА ва арзиши як тонна кокс 430-56 долларро ташкил намояд, хароҷоти воридоти як тонна ангишт аз кони Шӯроб то ба Душанбе зиёда аз 27 долларро ташкил менамояд, ки дар маҷмӯъ нархи як тоннаи он барои аҳолии ҷануби Тоҷикистон 200 сомонӣ хоҳад буд.
Бинобар ин барои ҳарчи тезтар ҳал намудани ин масъала ва бо мақсади азхуд намудан ва ба истифода додани конҳои кушод ва дастраси Тоҷикистон соли 1992 консерни "Тоҷикангишт" бунёд карда шуд.
Нафт. Аз ҷиҳати захира ва истифодаи васеи худ дар маҷмӯи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ - нафт ва гази табиӣ баъд аз ангиштсанг дар ҷои дуюм меистанд.
Нафт маводи сӯзанда, равғани моеъ, яке аз муҳимтарин маъданҳои табиат аст, ки дар таркиби он пайвастҳои карбогидрид, гурӯҳҳои нафтенҳо бо омехтаҳои сулфат, азотдор ва оксигендор мушоҳида карда мешаванд.
Бо мурури замон нафт ва маҳсулоти аз он истеҳсолшаванда, ҳамчун асоси энергетикаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ қабул шуда, равғанҳои гуногуни молидании аз он ҷудошаванда дар соҳаи саноати химия васеъ истифода бурда мешаванд.
Имрӯзҳо аз нафти хом 560 намуди гуногуни маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Истифодаи саноатии он аз асрҳои XVIII инҷониб ба роҳ монда шудааст. Аз аввалҳои асри XX сар карда кашфиёт ва истеҳсоли нафт бо мақсади содирот шурӯъ шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо