Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
дар ин ҷумҳуриҳо бештар ба равнақу ривоҷи соҳаи кишоварзӣ ва саноати истихроҷи маъдан эътибори махсус медод.
Сӯзишворӣ ва намудҳои гуногуни маҳсулоти нафт бо тариқи марказонидашуда пурра таъмин карда мешуданд. Бо вуҷуди дар баъзе ноҳияҳои поёнкӯҳи Тоҷикистон аз қаъри замин бе даҳолати одам ҷорӣ шудани нафти хом зарурат барои тадқиқоти васеъ ва кашфи конҳои нави нафти хом умуман набуд.
Аз ин рӯ ба конҳои вуҷуддошта ва ривоҷу равнақ додани саноати коркарди нафт дар ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори ҷиддӣ дода намешуд.
Истеҳсоли нафт дар ҳудуди ҷумҳурӣ таърихи зиёд дорад. Соли 1871 аз зери замин чун дарёча ҷорӣ шудани нафти хомро дар қишлоқи Селроҳа дида, олими рус А.А.Кунакевич иттилооти муфассал ва фикрҳои худро оид ба захираҳои бузурги ин минтақа ба ҳукумати подшоҳии Россия пешниҳод карда буд. Солҳои 1908 ва 1909 дар ин қишлоқ ду чоҳи нафтро парма карда, ба истифода доданд. Соли 1912 барои ҳарчи бештар васеъ намудани корҳои тадқиқотӣ ва бароҳмонии саноати коркарди нафт ҷамъияти саҳомии тиҷоратии саноати нафти Осиёи Миёна, ба номи САНТО дар асоси сармояи Англия бунёд карда шуд.
Соли 1914 дар натиҷаи тадқиқоти чуқур К.П.Калицкий харитаи геологии конҳои нафти минтақаи Фарғонаро тартиб дод.
Баъди Инкилоби Октябр дар асоси харитаи нашршуда бо мақсади ба истифода додани конҳои нафт трести Узбекинафт ва баъдтар иттиҳоди нафти Осиёи Миёна бунёд карда шуданд. Дар он солҳо дар ҳудуди Тоҷикистон захираҳои нафт, агар дар қисмати шимолии Тоҷикистон ноҳияҳои наздик ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон яъне, шаҳри Исфара ва Конибодом муайян карда шуда бошанд, пас дар ҷануб, мувофиқи маълумотҳои идораи геологӣ ноҳияҳои Вахш, Кофарниҳон ва Душанбе ноҳияҳои нафтдори Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Дар кони КИМ-и (САНТО-и пештара) ноҳияи Конибодом шабу рӯз нафти хом истеҳсол карда мешуд. Ҳаҷман кони КИМ бузург набошад ҳам, мавқеи ҷойгиршавӣ ва нишондиҳандаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор