Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Геологияаш барои бароҳмонии истеҳсолоти шабонарӯзии он имкониятҳои зиёд медод. Ин кони нафт 14 км дарозӣ ва 3 км паҳной дошт. Дар баробари ин нафт дар чуқурии ҳамагӣ 300-400 метр ҷойгир буд.

Соли 1935 дар натиҷаи кофтуковҳои геологӣ дар наздикиҳои кони КИМ якчанд конҳои дигар ёфт шуданд ва дере нагузашта ин минтақа бо номи Нефтобод машҳур гардид.

Солҳои 1961-1985 дар ҳудуди ноҳияҳои Конибодом ва Исфара захираҳои нафти Равот, Айритон, Конибодом, Шимоли Конибодом, Маданият, Ниёзбеки шимолӣ, Кучкак, Маҳрам, Қарақчиқум, Оби Шифо кашф ва ба истифода дода шуданд.

Баъзе аз ин конҳо дар чуқурии зиёда аз 6000 метр ҷойгир шуда, бо масоҳати худ қисми зиёди Баҳри тоҷикро дар бар мегиранд.

Нафти истеҳсолшуда сифати хеле баланд дошта, ба гурӯҳи нафтҳои сабук дохил шуда, бо ҳаҷми ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ - парафиндор ва сулфурдор фарқ мекунад.

Нафти хоми истеҳрочшуда барои истеҳсоли сӯзишвории моторӣ (бензин, керосин) ва равғанҳои молиданӣ истифода бурда мешавад.

Даҳсолаҳои охири асри XX барои вусъат бахшидани корҳои ҷустуҷӯ, пурра аниқ намудани захираҳои нафт ва дақиқ анҷом додани корҳои пармакунии конҳои нафт Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи нафту газ "Тоҷикнафт" таъсис дода шуданд. Дар муддати кӯтоҳ таҳти роҳбарии ин сохторҳо дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон доир ба дақиқ намудани конҳои нафту газ корҳои зиёде ба ҷо оварда шуд.

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи ҳарчӣ тезтар ҳаллу фасл намудани проблемаи нарасидани нафт эътибори калоне медод. Таҷрибаи солҳои 1991-95 нишон дод, ки танҳо дар натиҷаи сари вақт нарасидани сӯзишворӣ садҳо гектар замини обӣ бекишту кор монданд. Пӯшида нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя зиёда аз 1 млн. тонна бензин, солярка харида ба ҷумҳурӣ ворид менамояд. Барои ҳалли ин проблема соли 1994 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вусъат

пешина
аз 785
навбатӣ