Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

намояндагони фирмаҳо ваколатҳои худро истифода бурда, ба нисбатан баланд будани арзиши мол нигоҳ накарда, бо ширкатҳои дорои ашёи хом созишнома мебанданд, ки онҳо нисбатан масъулияти баланд доранд. Масалан, ширкатҳои Германия дар ҳамон ҳолат сармояи худро ба дигар мамлакатҳо равона мекунанд, ки агар дар маҷмӯи омилҳои озмоишшаванда омили мӯътадили мамлакат нисбат ба шарту шароити гирифтани қарз 1,5 маротиба хубтар бошад.

Ҳамин тариқ, дар назди олимони иқтисодшинос масъалае ба миён омад, ки оё ширкатҳои алоҳида ва байнамилалӣ дар асл метавонанд озодона ба бозори ҷаҳонӣ бароянд ва онро азхуд кунанд.

Ба таҳлили чунин масъала яке аз аввалинҳо шуда, олими англис С. Линдер шурӯъ намуд ва ба хулосае омад, ки солҳои 1940-1950 ихтирооти Аврупоро амрикоиҳо дар истеҳсолоти ИМА ба тезӣ амалӣ намуда, баъд аз таъмини аҳолии мамлакати худ аввалин телевизору яхдонҳоро ба Аврупо ворид намуданд ва бозори онро оҳиста-оҳиста азхуд карданд. Дар асоси таҳлил Линдер ба хулосае омадааст, ки хатҳои технологии, ки дар онҳо асбобҳои мураккаб сохта мешаванд, пеш аз ҳама, барои таъминоти талаботи аҳолии худи мамлакат истифода мешаванд.

Бо васеъ намудани истеҳсоли чунин молҳои сермасриф давраи дуюми он, яъне майли берун аз ҳудуди давлати худ баровардани мол пайдо мешавад. Аммо бояд зикр намуд, ки сарварони ширкатҳои американӣ молҳои худро, пеш аз ҳама, ба мамлакатҳое интиқол медиҳанд, ки сохтори иқтисодии онҳо ба сохтори ШМА монанд бошад ва аз тарафи дигар, сатҳи зиндагии аҳолии онҳо қариб, ки бо сатҳи зиндагии американӣ баробар бошад. Баланд будани сатҳи зиндагӣ маънои гирифтани музди баланд ва дар асоси он пайдо кардани қобилияти харидории молҳои қиматбаҳоро дорад. Аз ин ҷиҳат, телевизорҳои навтарини рангаи дараҷаи I, ки арзиши баланд доранд, пеш аз ҳама ба давлатҳои Европа ва телевизорҳои дараҷаи II, ки истеҳсоли онҳо бо сабабҳои паст шудани талаботи аҳолии маҳаллӣ кам шудааст, бо арзиши начандон баланд ба давлатҳои нав рӯ ба инкишоф бароварда мешаванд.

пешина
аз 785
навбатӣ