Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Назарияи нотамоми С.Линдерро, ки дар он ӯ сабабҳои асосии содироти молҳоеро, ки танҳо дар протсесси мураккаби технологӣ истеҳсол мешуданд, шарҳ дода буд, олимони дигари америкой, ба монанди Ч. Кинделбергер, Р.Вернона, Л.Уэлс давом дода, ба ҷамъият назарияи навро бо номи "давраи ҳаётии маҳсулот" пешкаш намуданд.
Аз солҳои 60-ум сар карда дар бозори ҷаҳонӣ паҳн шудани молҳои америкоиро ба назар гирифта, олимони номбурда ба хулосае омаданд, ки ҳар навъи моли истеҳсолшуда як давраи муайяни ҳаётӣ дорад. Чунин "давраи ҳаётии маҳсулот" бо сабабҳои гуногуни ба он таъсиррасонанда кӯтоҳ ё нисбатан дарозмуддат буда метавонад. Ин олимон дар натиҷаи таҳлил ба хулосае омаданд, ки "давраи ҳаётии маҳсулот" чор марҳиларо дар бар мегирад:
Марҳилаи 1. Чорикунӣ - дар натиҷаи афзудани талабот ба молҳои гаронбаҳо фирмаҳои америкой истеҳсоли намудҳои молҳои сермасрифи аҳолиро зиёд намуда, бо мақсади гирифтани даромади ҳарчи бештар доимо дар фикри содироти моли худ ба кишварҳои дигари дуру наздик мебошанд. Ба хориҷ баровардани молҳои навтарин оғози давраи якуми содироти мол мебошад.
Марҳилаи 2. Рушд - дар баробари шинохта шудан ва афзудани талаботи аҳолӣ ба молҳои воридшуда, истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ба онҳо мароқ зоҳир намуда, оҳиста-оҳиста истеҳсоли ин намуди молро дар ватани худ ба роҳ мемонанд.
Бояд қайд намуд, ки саноати маҳаллӣ бо истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва қувваи арзони корӣ аз саноати ШМА афзалияти бештаре дорад. Ба роҳ мондани истеҳсоли чунин молҳо дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф оҳиста-оҳиста ба қатъшавии истеҳсоли чунин молҳо дар мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон (дар мисоли мо, ба монанди ШМА) оварда мерасонад.
Бо равнақу ривоҷ ёфтани истеҳсолоти маҳаллӣ нишонаҳои давраи нав пайдо мешаванд, ки дар натиҷаи он истеҳсолкунандагони молҳои миллӣ оҳиста-оҳиста бо молҳои арзони худ бозори чунин молҳои истеҳсоли америкоиро пурра танг менамоянд. Масалан, панҷсолаҳои охири асри XX шумораи зиёди молҳои истеҳсоли Хитой

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё