Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Танимас (миқдори висмут то 0,3%), Қарасой (0,6%) ва Элчисой (0,8%) хеле хуб маълум аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бояд дар солҳои наздик ВМКБ ба яке аз минтақаҳои асосии саноатии коркарди маъданҳои мавҷуда ва пеш аз ҳама висмут табдил гардад. Барои ин лозим аст, ки фавран ба корҳои тадқиқотӣ дар ин вилоят суръат бахшида, мавқеи ҷойгиршавии захираҳои мавҷударо муайян намуда, тамоми замина барои бунёди корхонаҳои коркарди маъдан, омода карда шавад.
Қалъагӣ. Дар даҳсолаҳои охири асри ХХ маълум гардид, ки дар кӯҳсори Тоҷикистон зиёда аз садҳо конҳои маъдани қалъагӣ мавҷуд аст. Танҳо дар ВМКБ имрӯзҳо ба олимони тоҷик мавҷудияти 70 кони маъдани қалъагӣ маълум аст, ки захираҳои онҳо тахминан аз як миллион тонна зиёд мебошад. Минтақаи Бозордараи ҷанубу шарқии Помир бо сабаби беҳад зиёд будани маъдани қалъагӣ дар харитаи геологии Тоҷикистон ҳамчун минтақаи маъдани қалъагидор ба қайд гирифта шудааст. Дар ин конҳо маъдани қалъагӣ бо омехтаи касситериту кварц ва омехтаи волфрам бештар вомехӯрад.
Бештари конҳои қалъагии ВМКБ вобаста бо таркиби омехтагии маъданашон ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешаванд:
гурӯҳи Оқархар-Элисуй (кони "Юбилейное", конҳои маъдани шимолии Трезубетс, Элису, Тошкозик, Отрадное, Водораздельное);
гурӯҳи Оқҷилга (конҳои Оқҷилга ва Қараҷилга).
Вақтҳои охир арзиши қалъагӣ дар бозори ҷаҳонӣ боло рафта, аввали соли 2001 нархи як тонна қалъагӣ 12000 доллари амрикоӣ буд, ки баъд аз нархи тилло дар ҷои дуюм қарор дорад.
Захираҳои зиёди маъдани қалъагӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон низ муайян карда шудааст. Вобаста ба дараҷаи омехтагии маъдан олимон конҳои ҳавзаи Зарафшонро ба се гурӯҳ тақсим намуданд:
гурӯҳи 1 - конҳои қалъагидори холис (Қумарг, Мушистон, Рама);
Гурӯҳи 2 - конҳое, ки қалъагӣ ба миқдори на кам аз 50% дида мешавад (конҳои Такфон ва пегматитҳои Самчун);
гурӯҳи 3 - конҳое, ки дар онҳо қалъагӣ ҳамчун омехтаи маъдан дар ҳаҷми камтар вуҷуд дорад (Саримат, Чилав, Амшут).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор