Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Аз нимаи дуюми асри ХХ сар карда, эҳтиёҷоти саноати вазнин, химия ва соҳаҳои электроника сол то сол ба маъдани висмут меафзояд. Маъдани онро барои тезонидани гудозиш ва мустаҳкамтар кардани пӯлоди зангногир, чӯян, истеҳсоли шишаҳои оптикӣ ва шишаи дорои хусусияти муҳофизат аз радиатсия васеъ истифода мебаранд. Даҳсолаҳои охир бошад, бо истифодаи висмут саноати химиявии давлатҳои тараққикардаи Европа ба истеҳсоли ҳар гуна рангҳо ва сири чилодор, барои истифодаи васеъ дар корҳои сохтмон ва автомобилсозӣ шурӯъ намуданд. Омӯзиши хусусиятҳои зиёди висмут боиси истифодаи васеи он дар соҳаи электроника, истеҳсоли асбобҳои термоэлектрикӣ ва техникии ядроӣ гардид.
Имрӯзҳо аз 50 маъдани омехтаи висмутдор давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон танҳо маъдани висмутин, сулфит, висмути тобишдор, висмути худруй ва оксиди висмутро васеъ истифода мебаранд. То имрӯз ҳаҷми захираҳои ҷаҳонии висмут муайян карда нашудааст. Мувофиқи маълумотҳои чопшуда ҳаҷми захираҳои муайяншудаи давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳони капиталистӣ 130 ҳазор тонна тахмин карда шудааст. Маҳдуд будани ҳаҷми захираҳои висмут ва солҳои охир зиёд шудани талабот ба он боиси дар бозорҳои ҷаҳонӣ боло рафтани нархи висмут гардид. Дар аввалҳои соли 2001 нархи як тонна висмут дар бозори фулузоти Европа ба 10000 доллари амрикоӣ расид.
Дар ҳудуди Тоҷикистон то имрӯз 9 кони маъдани омехтаи висмутдор кашф карда шудааст. Таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки дар табиат маъдани висмут якҷоя бо маъдани мис ва сурбу флюрит бештар вомехӯрад.
Маъдани мису висмутдор дар конҳои Тариэкан, Конимансури нав, Кафтархона ва маъдани магниту висмутдор дар Чоқадамбулоқи вилояти Суғд мавҷуд аст. Аз конҳои номбурда имрӯзҳо танҳо кони Кафтархона пурра фаъолият мекунад. Бояд ёдовар шавем, ки кони Кафтархона аз қадимулайём ба аҷдодони мо ҳамчун кони оҳан маълум буд ва васеъ истифода бурда мешуд.
Ба геологҳои тоҷик мавҷудияти конҳои минтақаи ВМКБ - Аилутек (миқдори висмут 0,2%), Оқҷилга (миқдори висмут то 1%).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор