Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
истеҳсолшудаи давлатҳои номбурдаро аз ҳама бештар Англия ва Нидерландия дар хазинаҳои худ гирд оварда тавонистанд.
Истеҳсоли тилло дар империяи Россия низ хеле хуб ба роҳ монда шуда буд. Дар натиҷаи беҳад зиёд истеҳсол шудани он ҳатто дар муомилоти молии дохилидавлатӣ танғаҳои тиллоии арзиши 5 рубл ва 10 рубли бо номи "Николай" то солҳои 1917 дар муомилот буд.
Қудрати ченаки ҷаҳонӣ доштани тилло то солҳои баъдиҷангӣ (1950) давом намуд.
ШМА баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон қудрату тавоноии худро истифода бурда, барои ҳарчи бештар таъсири худро бо роҳи истифодаи фишангҳои молиявӣ ба дигар давлатҳо расонидан дар музокироти Бреттон Вуд доллары америкоиро ҳамчун асъори байналмилалӣ пешниҳод намуданд. Қабул шудани ин пешниҳод сабабҳои объективии худро дошт. Гап дар сари он буд, ки интиқоли тилло ба сифати асъори байналмилалӣ аз як давлат ба давлати дигар боиси хароҷоти зиёд мегардид ва баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон хатарнок низ буд.
Ҳамин тариқ, баъд аз ба имзо расидани созишномаи Бреттон Вуд ва дар муомилоти хориҷии байнидавлатӣ ҷорӣ шудани доллари ШМА, тилло аз нав ба моликияти давлатӣ табдил ёфта, таъсираш дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ боз ҳам зиёдтар шуд. Гап дар сари он буд, ки тилло баъд аз имзошавии созишнома қудратдиҳандаи на танҳо доллари ШМА, балки тамоми асъори давлатҳои дунё гардид. Вобаста ба зиёд ё кам будани захираи давлатии тилло, қурби пули як давлат аз давлати дигар фарқ мекард. Аз ин ҷиҳат, он давра вобаста ба захираи бузурги тиллои гирдовардаи худ доллари ШМА дар ҷои якум, фунт-стерлинги Британияи Кабир дар ҷои дуюм ва маркаи Германия дар ҷои сеюм ҳамчун асъори қобили табдил шинохта шуданд.
Умуман, олимон аниқ намуданд, ки дар табиат тилло, қариб дар ҳар як қадам дар таркиби маъданҳои гуногун ва ҳатто дар оби дарёҳо ва баҳрҳо вуҷуд дорад. Бинобар миқдори ночизи он бо чашми оддӣ дидан ва ба даст гирифтани он душвор аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор