Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Татқиқотҳои илмӣ нишон доданд, ки зиёда аз 20 номгӯи минералҳои дар табиат мавҷудбуда дар натиҷаи гузаштани протсессҳои химиявии лозима боиси пайдоишови маъдани тилло мегарданд. Аммо бо вуҷуди ин кашфиётҳо то имрӯз дар тамоми дунё аз қабати замин тилло дар шакли чанг, регмайда, маъданрезаи кристаллӣ ва гоҳ-гоҳ дар шакли тиллои холис, ки вазнаш аз 100 грамм сар карда, то даҳҳо килограммро ташкил намудааст, истеҳсол карда мешавад.

Ҳодисаҳои ёфтани тиллои холиси ҳаҷман калон хеле каманд ва ин кашфиётҳо ба худ номи махсусе доранд. Аввалин маротиба калонтарин тиллои холис, ки 43 кг 541 г вазн дошт, соли 1842 дар наздикии шаҳри Миаси Урал ёфт шудааст, ки то имрӯз дар хазинаи алмоси шаҳри Москва нигоҳ дошта мешавад.

Конҳои аҳамияти саноатӣ дошта ба ду гурӯҳ тақсим карда мешаванд:

конҳои асл;

конҳои омехта.

Дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ дақиқ карда шудааст, ки агар дар ҳар як тоннаи маъдани кон 10 грамм тилло мавҷуд бошад, ин кон ба гурӯҳи конҳои бой дохил карда мешавад ва агар 4-5 грамм тилло дошта бошад, кон аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар ба шумор меравад. Аз маъданҳои омехтаи нуқра, сурб, мис, руҳ низ тилло истеҳсол карда мешавад.

Бояд қайд намоем, то соли 2001 дар ҷаҳон зиёда аз 118000 тонна тилло истеҳсол карда шудааст. Мувофиқи иттилооти матбуоти Англия захираҳои пурра дақиқшудаи тиллои ҷаҳон 102,7 ҳазор тоннаро ташкил менамояд. 50 фоизи захираҳои кашфшудаи тилло ба Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ рост меояд.

Истеҳсоли солонаи тилло дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна 1500 тоннаро ташкил менамояд. Соли 1998 ҳаҷми истеҳсоли тилло дар ҷаҳон ба 2555 тонна расонида шуд. Аз ин ҳаҷм зиёда аз 496 тонна дар Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ, 329 тонна дар ШМА, 240 тонна дар Австралия, 171 тонна дар Хитой, 164 тонна дар Канада, 130 тонна

пешина
аз 785
навбатӣ